Беш аз 10,3 миллион сайёҳ ба Ӯзбекистон рафтаанд: Тоҷикистон дар сафи пеш
Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд
Аббос Ироқчӣ: “Эрон таслим намешавад, музокирот бо ИМА идома дорад ва боз шудани тангаи Ҳурмуз ба созиш вобаста аст
Пизишкиён: “Хок мехӯрем, аммо хок намедиҳем”. Ин сухани Сатторхон аст ё Аҳмадшоҳи Масъуд?
Трамп аз Ҳамос хост ба оташбаси 60-рӯза розӣ шавад
Сарчашмаҳои огоҳ хабар доданд, ки Исроил бо оташбаси 60-рӯза дар Навори Ғазза розӣ шудааст. Доналд Трамп, Президенти Амрико гуфт, ки ин созиш бо шарти мушаххас аз сӯи Исроил қабул шудааст ва ҳоло навбат ба Ҳамос аст, ки қарори ниҳоиро қабул кунад.
Доналд Трамп рӯзи 1-уми июли соли 2025 дар изҳороте дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт: “Шароити беҳтар аз ин даст намедиҳад. Ҳамос набояд ин имкониятро аз даст диҳад”.
Бар асоси лоиҳаи пешниҳодшуда, ки ба воситаи Миср ва Қатар ба Ҳамос ирсол шудааст, масъалаи озод кардани гаравгонҳои исроилӣ бар ивази раҳоии зиндониёни фаластинӣ дар назар гирифта шудааст. Ин пешниҳодест, ки дар музокиротҳои қаблӣ низ борҳо баррасӣ шудааст.
Манбаи наздик ба музокиро ба шабакаи хабарии байналмилалии “CNN” гуфт, ки нигарониҳо ва шароити ҷониби фаластинӣ низ то андозае дар лоиҳаи нав инъикос ёфтааст, аммо ҳоло маълум нест, ки Ҳамос ин лоиҳаро қабул мекунад ё на.
Гуфта мешавад, ки рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда президенти Амрико дар Вашингтон бо Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил мулоқоту гуфтугӯ хоҳад дошт. Ин мулоқот метавонад нақши калидӣ дар муайян намудани сарнавишти лоиҳаи оташбасро бозӣ кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
26 сухани афкорсози устод Иброҳим Исмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат
Путин мегӯяд Русия барои ҳалли низоъ омода аст ба Эрон кумак кунад
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.