Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Эрон ҳамкори “Ирон интернешнл” ва узви муҳимми “Мосад”-и Исролро ба дор овехт
Мақомоти Эрон субҳи дирӯз аз иҷрои ҳукми қатли ҳамкори “Ирон интернешнл” ва узви калидии Мосади Исроил бо номи Муҳаммад Маҳдавии Шоиста хабар доданд.
Муҳаммадамин Маҳдавии Шоиста, узви калидии Мосад, созмони ҷосусии Исроил ва ҳамкори “Ирон интернешнл” баъди тасдиқи “ҳамкории иттилоотӣ бо хадамоти ҷосусии хориҷӣ ва фаъолият бар зидди амнияти миллӣ” гунаҳкор шинохта шуд ва баъди содир шудани ҳукми қатл аз ҷониби Суди Олӣ ба дор овехта шуд.
Ба иттилоъ манбаъ Маҳдавии Шоиста бо як гурӯҳи муташаккили киберӣ ҳамкорӣ намуда, бо роҳнамоии афсарони хадамоти ҷосусии Мосад амалиёти равонӣ ва иттилоотиро дар Эрон ба роҳ мондааст. Ӯ бо истифода аз фазои маҷозӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳои хориҷӣ ба тарғиби иттилооти ҷаълӣ ва муқобила бо ниҳодҳои низомии Эрон машғул будааст.
Ин ҷосуси Исроил баъди барқарор кардани робитаи ибтидоӣ бо афсарони Моссад дар яке аз кишварҳои ҳасмоя омӯзиш дида, зери номи ширкатҳои муҳоҷиратӣ фаъолият доштааст. Ӯ баъд аз мулоқот бо афсарони исроилӣ бо номи рамзии “Манижа” ва “Ризо” масъули ташкили шабакаи амалиётии маҷозӣ дар дохили Эрон ва интиқоли дастурҳо ба аъзои он будааст.
Тибқи гузориш, фаъолияти ин гурӯҳ бо пуштибонии мустақими шабакаи инглисзабони «Iran International» сурат гирифтааст.
Бар асоси иттилои расмӣ ин гурӯҳ вориди амалиёти низомӣ низ шудааст. Аз ҷумла сабти навор аз маконҳои маҳрамона, ирсоли бастаҳои таҳдидомез ва таъқиби шахсҳои мавриди назар, ки ҳамаи ин корҳо бо ҳамоҳангии афсарони исроилӣ сурат гирифтааст.
Дар натиҷаи амалиёти хадамоти амнияти Эрон гурӯҳи мазкур ва саркардаҳои он шиносоӣ ва боздошт шуданд. Баъди тафтиш ва эътирофи гуноҳ додгоҳ Маҳдавии Шоистаро ба ҳукми қатл маҳкум кард.
Баъд аз ҳамали Исроил ба Эрон ин нахустин мавридест, ки як шаҳрванди Эрон ба гумони ҷосусӣ ба манфиати Исроил ва ҳамкорӣ бо телевизиони “Ирон интернешнл” ба ҳукми қатл маҳкум мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд