3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:45, Душанбе
03.11.2026 11:05

Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар кишвар зарфи як моҳ беш аз 97 фоиз иҷро гардид.

Манбаъ навиштааст, ки нақшаи муқарраргардидаро аввалин шуда Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пеш аз муҳлат ба анҷом расонид.

Ҳамчунин, шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон низ пешсаф буда, дар моҳи октябри соли равон нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбиро ба пуррагӣ ва пеш аз муҳлат иҷро намудаанд.

Гуфта мешавад, ки вилояти Суғд  нақшаи пешбинигардидаро наздики 92 фоиз иҷро намуда, то ин дам шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Конибодом, Панҷакент, Истиқлол, Айнӣ, Ашт, Зафаробод ва Кӯҳистони Мастчоҳ аз натиҷаи пурраи нақшаи даъват ҳисобот додаанд.

Зикр мегардад, ки иҷрои нақшаи пешбинишудаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 99, 6 фоиз баробар мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999 - 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз 1-уми октябри соли ҷорӣ оғоз гардид.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.