Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Теҳрон аввалин бор бо мушаки “Хайбаршикан” ба қалби Тел-Авив ҳамла кард
Неруҳои мусаллаҳи Эрон пас аз ҳамлаи Амрико ба муассисаҳои атомии Эрон дар мавҷи бистуми амалиёти мушакии “Ваъдаи содиқ-3” аввалин бор бо мушаки “Хайбаршикан” ба қалби Тел-Авив ҳамла карданд.
Сипоҳи посдорони Эрон гуфт, ки бори нахуст дар амалиёти мушакӣ аз мушаки чандкулоҳакдори “Хайбаршикан” истифода кард. Гуфта мешавад, дар амалиёти имрӯзи Сипоҳи посдорон бандарҳо, зерсохтҳои ҳаётан муҳимми низомӣ ва саноатии Исроил мавриди ҳадаф қарор гирифтааст.
Тибқи иттилои расонаҳои эронӣ дар ин ҳамла фурудгоҳи Бен Гурион, маркази пажӯҳиши биологӣ, пойгоҳҳои ҳимоятӣ, марказҳои фармондеҳӣ ва назорати режими Исроил мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд. Расонаҳои исроилӣ бо маҳдуд кардани фаъолияти расонаҳо аз нашри аксу навор ва ҳаҷми талафоти ҳамлаҳои мушакии Эрон худдорӣ мекунанд.
Бар асоси гузориши расонаҳои арабӣ дар ҳамлаи ахири Эрон дар шаҳри Ҳайфо минтақаи саноатии Халиҷ мавриди ҳамла қарор гирифт. Дуди сиёҳе, ки аз наздикии контейнер ва муассисаҳои нафту химиявӣ ба ҳаво бархост, нишон медиҳад, ки ба яке аз нуқтаҳои стратегӣ ва осебпазири Исроил ҳамла анҷом дода шудааст. Ин минтақа дорои шабакаи барқ, марказҳои низомӣ ва логистикии муҳим аст. Мушаки “Хайбаршикан” аз насли севуми мушакҳои ҳавофазои Сипоҳи посдорон аст, ки бо бомбаҳои бисёр ва тактикаи пешрафта барои гузаштан аз сипари дифои душман ва расидан ба ҳадафҳои дақиқ сохта шудааст.
Тибқи иттилои расмии расонаҳои исроилӣ дар амалиёти имрӯз 27 мушак дар ду мавҷ ба самти марказ ва шимоли Исроил партоб шудааст. Як мушаки эронӣ ба паноҳгоҳе дар ҷануби Тел-Авив бархӯрд кард. Ба гуфтаи шоҳидон даҳҳо нафар дар зери харобаҳо дар мондаанд. Дар шаҳри Нес Зиона, воқеъ дар ҷануби Тел-Авив 20 нафар баъди бархӯрди мустақими мушак дар зери вайронаҳо дар мондаанд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд