Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Ироқчӣ дар Маскав бо Путин дар бораи таҳдидҳои афзоянда ва ҳамлаи Исроил ба Эрон гуфтугӯ мекунад
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо як сафари расмӣ вориди шаҳри Маскав шуд ва дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки дар мулоқот бо Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия оид ба густариши ҳамкориҳо дар бораи таҳдидҳои муштарак ва муқовимат бар фишор ва низоъҳои ахирро баррасӣ хоҳад кард.
Сайид Аббос Ироқчӣ гуфт: “Мо ва Русия ҳамеша душманон ва нигарониҳои муштарак доштаем. Ин ҳамкориҳои бисёр наздик бояд дар рӯшании таҳаввулоти ахири минтақа боз ҳам ҷиддитар шаванд”.
Ӯ гуфт, ки машваратҳо бо Маскав дар замони буҳрони ҷорӣ аҳамияти бештар касб мекунад: “Дар вазъияти ҳассоси феълӣ, ки низоми байналмилалӣ зери хатар қарор дорад, ҳамоҳангсозии мавқеъҳо бо Русия метавонад барои таъмини субот ва амният нақши калидӣ бозӣ кунад”.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, ҳамлаи ахири Амрико ба муассисаҳои атомии Эрон як таҷовузи ошкоро ба ҳуқуқи байналмилалӣ ва системаи Созишномаи манъи густариши силоҳи атомӣ аст.
“Ин ҳамла на фақат бар зидди Эрон, балки бар зидди як меъёри ҷаҳонии ҳуқуқӣ сурат гирифтааст ва метавонад боиси суст шудани эътимод ба низом шавад”- гуфт Сайид Аббос Ироқчӣ.
Ӯ аз мавқеи Маскав дар бораи маҳкум кардани иқдоми Амрико истиқбол кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки Шурои амнияти СММ иқдоми амалӣ ба хотири ҳифзи муқаррароти ҳуқуқи байналмилал анҷом диҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд