Беш аз 10,3 миллион сайёҳ ба Ӯзбекистон рафтаанд: Тоҷикистон дар сафи пеш
Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд
Аббос Ироқчӣ: “Эрон таслим намешавад, музокирот бо ИМА идома дорад ва боз шудани тангаи Ҳурмуз ба созиш вобаста аст
Пизишкиён: “Хок мехӯрем, аммо хок намедиҳем”. Ин сухани Сатторхон аст ё Аҳмадшоҳи Масъуд?
Роҳбари шиаёни Ироқ: “Терори Хоманаӣ барои минтақа фоҷеабор хоҳад буд”
Оятуллоҳ Сиистонӣ, рӯҳонӣ ва роҳбари шиаёни Ироқ бо нашри изҳорот ҳамлаи Исроил ба Эронро шадидан маҳкум кард. Ӯ ба Исроил ва Амрико ҳушдор дод, ки терори роҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ барои минтақа фоҷеабор хоҳад буд.
Дар изҳороти Оятуллоҳ Сиистонӣ бо ишора ба амалҳои “хасмонаи низомӣ ва таҳдиди роҳбарони сиёсиву низомии сатҳи олӣ” зикр мешавад, ки “марҷеияти олии динӣ бори дигар мухолифати қатъии худро” нисбат бо чунин иқдомҳо баён мекунад. Зикр мешавад, ки чунин иқдом метавонад назорати вазъро аз мудирият хориҷ карда, боиси “ошӯби густурда ва ранҷи бештар” –и мардум гардад.
Оятуллоҳ Сиистонӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки барои хатми ҷанг парвандаи атомии Эрон бо роҳи ҳалли мусолиматомез ва бар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ ҳал карда шавад.
Изҳороти рӯҳонии шиа дар пайи изҳороти баҳсбарангеи роҳбарони Исроил ва Амрико нашр шуд. Доналд Трамп рӯзи сешанбе гуфта буд, ки Амрико ҳоло қасди куштани роҳбари Эронро надорад, аммо бояд Теҳрон таслим шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
26 сухани афкорсози устод Иброҳим Исмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат
Путин мегӯяд Русия барои ҳалли низоъ омода аст ба Эрон кумак кунад
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.