Беш аз 10,3 миллион сайёҳ ба Ӯзбекистон рафтаанд: Тоҷикистон дар сафи пеш
Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд
Аббос Ироқчӣ: “Эрон таслим намешавад, музокирот бо ИМА идома дорад ва боз шудани тангаи Ҳурмуз ба созиш вобаста аст
Пизишкиён: “Хок мехӯрем, аммо хок намедиҳем”. Ин сухани Сатторхон аст ё Аҳмадшоҳи Масъуд?
“Ҷанг тамом шуд”. Эрон ва Исроил аз субҳи имрӯз оташбас эълон карданд
Мақомоти расмии Эрон субҳи имрӯз расман аз оғоз шудани оташбас хабар доданд. Ин хабар ба воситаи шабакаи “Хабар”-и Эрон эълон шуд ва мақомоти эронӣ тасдиқ карданд, ки аз соати 7-и субҳи имрӯз расман ҳамлаҳои мушакӣ ба хоки Исроилро қатъ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол расонаҳои исроилӣ низ аз қавли мақомоти расмии ин кишвар аз оғози оташбас хабар доданд.
Баъди 12 рӯзи ҷанги хунин дар ниҳоят бо миёнҷигарии Амири Қатар миёни Эрон ва Исроил оташбас барқарор шуд.
Раванди оташбас аз он ҷо оғоз шуд, ки шаби гузашта баъд аз ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорони Эрон ба пойгоҳи низомии “Ал-Удайд” –и Амрико дар Қатар президенти Амрико Доналд Трамп дар изҳороти ғайриинтизор оташбас миёни Эрон ва Исроилро эълон кард.
Ба гузориши расонаҳои эронӣ амалиёти мушакии Сипоҳи посдорон дар посух ба ҳамлаи ахири ҳавоии Амрико ба муассисаҳои атомии Эрон сурат гирифт ва ба ҳадафҳои мавриди назар бархӯрд кард.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки “режими Исроил ҷангро оғоз кард ва агар то соати 4-и субҳ ҳамларо қатъ кунад, Эрон низ посухи низомиро бас хоҳад кард”.
“Ин мо набудем, ки ҷангро оғоз кардем. Агар Исроил амалиёти низомиро қатъ кунад, Эрон ҳам ба оташбас пойбанд хоҳад буд. Бо ин вуҷуд қарор дар бораи қатъи комили амалиёт баъдтар эълон мешавад”- таъкид намуд Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон.
Қабл аз оғози оташбас Исроил дар вокуниш гуфт, ки неруҳои ин кишвар дар ҳолати омодабош қарор доранд. Вазорати дифои Исроил бо нашри баёния гуфт: “Исроил ҳамлаҳоро ҳамчун посух ба таҳдидҳои мустақим бар зидди амнияти миллии худ анҷом додааст ва агар лозим шавад, қудрати посухгӯӣ ба ҳар навъ таҳдидро дорад”.
Президенти Амрико чанд лаҳза баъд аз ҳамлаи Эрон ба пойгоҳи Амрико дар Қатар чунин эълон кард: “Ҳадафи мо ба сӯи сулҳ аст, на ҷанг. Мо даъват ба оташбас мекунем, то ҷони мардум ҳифз шавад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
26 сухани афкорсози устод Иброҳим Исмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат
Путин мегӯяд Русия барои ҳалли низоъ омода аст ба Эрон кумак кунад
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.