Иддаои Трамп: “Дар бораи сарнавишти ҷанг бо Эрон тасмими бузурге дар пеш аст”
Ҳамлаи ҳавоии Арабистони Саудӣ ба 37 минтақаи ғайринизомии Яман дар 24 соат
Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ расман оғоз шуда, осорхонаи Сирк ифтитоҳ гардид
Ҷалби сармоягузорӣ ва роҳандозии корхонаҳои муштарак. Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони рус мулоқот кард
Паёми Теҳрон ба ҷаҳон аз Кохи Кремлин
Дар миёни шуълаҳои ҷанг, он гоҳ ки Теҳрон зери оташи бевақфаи мушакҳои исроилӣ ва амрикоӣ қарор гирифт, Эрон на ақиб нишаст ва на сукут кард. Посухҳо, ҳам дар майдон буд ва ҳам дар дипломатия. Дар ҳамон соате, ки сомонаҳои дифоии Тел-Авив зери бори ҳамлаҳои дақиқ ва чандқабатаи Эрон, аз шимолу ҷануб ба зону даромад, чеҳраи дигаре аз қудрати Теҳрон намоён шуд: дипломатияи фаъол, ҷасур ва бевақфа.
Сафари Аббос Ироқчӣ ба Маскав, чанд рӯз пас аз ин зарбаҳо паёми рӯшан дорад. Эрон на фақат дар саҳнаи набард, ки бар мизи сиёсат низ дасти болоро мутолиба мекунад, он ҳам дар шароите, ки афкори умумии Эрон дудил аст, ки Русия ба таври комил дар канори Эрон хоҳад истод ё қарор аст, ҳаяҷони Эрон танҳо дар ин майдон бимонад.
Ин сафар ривояти расмии Эрон аз таҷовузҳои бесобиқаро бо худ ба яке аз муҳимтарин марказҳои қудрати ҷаҳонӣ бурдааст. Ривояте, ки ҳамзамон бар қонунӣ будани посухҳои низомӣ ва бар ҳақ будани Эрон дар дифоъ таъкид мекунад ва ҳам чашм ба уфуқи сулҳи бо иқтидор дорад. Дар рӯзҳое, ки бархе давлатҳо аз тарси ҳазина сукут кардаанд ва бархе дигар забон дар даҳони душман ниҳодаанд, Ироқчӣ паёмовари садоест, ки қарор аст муодилаи дипломатияро дар назми байналмилалӣ дигаргун кунад.
Ин сафар на фақат талоше барои эътилофсозии сиёсӣ ва расонидани ривояти Эрон аз таҳаввулоти ахир ба гӯши ҷаҳон, балки нишоне аз идомаи масири дипломатия дар ҷанг аст. Талоше барои маҳори буҳрон, ифшои бепоягии иддаоҳои душманон ва ёфтани равзанае барои сулҳ, сулҳе, ки на таҳмил шуда, балки вобаста ба иқтидори миллӣ бошад.
Дидор бо Путин, гуфтугӯ дар авҷи низоъ
Рӯзи душанбе Ироқчӣ дар Кохи Кремлин бо Владимир Путин, президенти Русия дидор кард. Дидоре, ки ба таъбири ӯ, “дар шароити бисёр пурхатар ва муҳим” анҷом шуд. Ироқчӣ дар ин дидор зимни ибрози хурсандӣ аз ин гуфтугӯ таъкид кард: “Робитаи Эрон ва Русия бисёр наздик аст, қадимӣ ва роҳбурдӣ аст. Мо ҳамвора бо дӯстони худ дар Русия машваратҳои наздике дар ҳама масъалаҳо доштаем. Русия дар мавзуи Барномаи атомии Эрон шарики мо буда ва дар сохти неругоҳи Бушеҳр ва музокироти атомӣ низ нақши муҳимме ифо кардааст”. Ӯ бо ишора ба таҳаввулоти ахир гуфт: “Сатҳи низоъ ба хотири ҳуҷумҳои ошкори Маншури Милали Муттаҳид ва қонунҳои байналмилалӣ маҳсуб мешаванд. Эрон дар ҳоли дифоъ аз худ аст”.
Вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин, бо қадрдонӣ аз мавзеи Русия гуфт: “Мо аз мавзеи устувор ва қонунии Русия дар маҳкумияти ин таҷовузҳо ташаккур мекунем. Русия дар масири дуруст ва мутобиқ бо усули ҳуқуқи байналмилал истодааст”.
Таҷовуз бар зидди Эрон ҳич пояи ҳуқуқӣ надорад
Путин низ дар ибтидои ин дидор бо ишора ба шароити сахти минтақа ва афзоиши низоъ гуфт: “Боздиди шумо аз Русия дар ин замон фурсати муҳим барои гуфтугӯи мустақим аст. Таҷовузи бедалел бар зидди Эрон ҳеч поя ва асосе надорад. Мавзеи мо дар ин хусус ҳам дар Вазорати корҳои хориҷа ва ҳам дар Шурои амнияти СММ ба рӯшанӣ баён шудааст”.
Ӯ бо таъкид бар собиқаи мусбати робитаҳои Теҳрон ва Маскав афзуд: “Талош дорем ба мардуми Эрон кумак кунем. Ман дар рӯзҳои ахир бо президенти Амрико, сарвазири Исроил, раиси Аморот ва ҳамчунин, президенти Эрон тамосҳое доштаам. Шумо низ бо мақомоти аврупоӣ дар ҳоли гуфтугӯ ҳастед”.
Президенти Русия дар поён хитоб ба Ироқчӣ гуфт: “Аз ҳузури Шумо дар Маскав бисёр хурсандем. Ин дидор ба мо фурсат медиҳад, ки роҳи ҳалле барои коҳиши низоъ биёбем. Лутфан, саломи гарми манро ба мақоми муаззами раҳбарӣ ва президенти Эрон бирасонед”.
Аз Маскав то Аврупо: дипломатия дар ҳоли ҳаракат аст
Сафари Ироқчӣ ба Русия оғози яксилсила талошҳои дипломатӣ аст, ки қарор аст ба Аврупо ва чанд кишвари минтақа низ кашида шавад. Дар рӯзгоре, ки бархе аз бозигарони минтақаӣ ва фароминтақаӣ лоиҳаи бунбасти Эронро дунбол мекунанд, ҳаракатҳои фаъоли дипломатӣ метавонад ҳам тасвири воқеъбинонатаре аз шароити Эрон ба ҷаҳон мухобира кунад ва ҳам роҳеро барои бозсозии иҷмои ҷаҳонӣ бар зидди идомаи таҷовузҳо бикушояд.
Дар ниҳоят, паёми рӯшани ин сафар дар буҳбуҳаи ҷанг ин аст: Эрон омодаи гуфтугӯ аст, аммо на аз мавқеи заиф. Эрон сулҳ мехоҳад, аммо сулҳе, ки бар нишонаҳои иқтидори миллӣ ва ҳаққи дифои машруъ бино шуда бошад.
Ироқчӣ баъд аз дидор бо Путин
Сайид Аббос Ироқчӣ пас аз дидор бо Владимир Путин, президенти Русия гуфт: “Дидори бисёр хубе бо ҷаноби Путин, президенти Русия доштам ва дар ин дидор ба сурати муфассал дар бораи воқеаҳо суҳбат кардем”. Ӯ афзуд: “Дар мавзуи Барномаи иқдоми ҷомеъи муштарак ва музокироти мо бо 5+1 низ яке аз аъзои ҷиддӣ Русия будааст. Ин кишвари ҳамеша бо мо дар канори мо буда ва мо ҳамеша бо ин кишвар ҳамкорӣ ва ҳам машварат доштаем. Лозим буд, ки дар ин шароит машваратҳои наздиктаре бо дӯстонамон дар Русия дошта бошем”.
“Дар мулоқот бо ҷаноби Путин ба сурати муфассал дар бораи он чи ҳоло дар ҳоли рӯй додан аст, суҳбат кардем.”- зикр кард Ироқчӣ.
Ӯ таъкид кард: “Ин иқдомҳои таҷовузкорона барои минтақа, ҷомеаи байналмилалӣ ва низоми адами густариши силоҳи атомӣ аз нигарониҳои муштараки мост ва Русия ҳам нисбат ба ҳамаи инҳо нигаронӣ дорад.”
Ба гуфтаи ӯ, мавқеи Русия то кунун бисёр хуб ва устувор будааст. Онҳо дар Шурои амният машғули фаъолият ҳастанд, ки ин Шуро ҳаракатҳое дошта бошад, ҳарчанд бо ветои Амрико рӯ ба рӯ хоҳад шуд, аммо лозим аст аъзои дигари он ҳарфи худро дар муқобили таҷовуз ба ҳамаи дунё нишон диҳанд.
Ваҳид Каримӣ, рӯзномаи “Иқтисод”-и Эрон
Хатти хабарҳо
“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ду кудак бо дастони баста дар ғори Муъминобод пайдо шуданд
Ба ҷои метро дар Душанбе роҳи оҳани шаҳрӣ. Тоҷикистон аз ширкатҳои кореягӣ хост дар ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд