3 Ноябр 2026,
сешанбе, 14:14, Душанбе
03.11.2026 13:40

Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд

Низомиёни Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар вилояти Хатлон як қитъаи роҳи мошингардро, ки дар натиҷаи омадани сел хароб шуда буд, барқарор карданд.

Дар ин бора хабаргузории “Спутник” хабар дода, афзудааст, ки низомиёни рус 150 километр роҳи мошингардро аз сел тоза карданд.

Тибқи иттилоъ, корҳои муҳандисӣ ва роҳтозакунӣ бо дархости сокинони маҳаллӣ анҷом дода шудааст. Ин роҳе, ки низомиёни рус аз сел тоза карданд, барои сокинони маҳаллӣ аҳамияти муҳимми нақлиётӣ дорад.

“Низомиёни воҳиди муҳандисӣ беш аз 150 метр роҳи мошингардро барқарор намуда, маҷрои селро тоза ва васеъ намуданд. Ҳамчунин, роҳи нави ҳаракат сохта шудааст”- зикр мекунад “Спутник”.

Барои анҷом додани корҳо техникаи махсуси муҳандисӣ истифода шудааст.

Дар ин хабар гуфта мешавад, ки низомиёни Пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, пайваста ба аҳолии маҳаллӣ кумак мерасонанд.

Аз ҷумла, онҳо аз барқарор кардани роҳҳо ва иншооти муҳимми зерсохторӣ, интиқоли маводи ғизоӣ ва оби ошомиданӣ ба минтақаҳои дурдасти кишвар, ҳамчунин, расондани кумак ба собиқадорони ҷанг ширкат мекунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.
02.11.2026 10:25

Даври чоруми бақайдгирии довталабон оғоз шуд. Киҳо метавонанд донишҷӯ бишаванд?

Имрӯз, 2-юми ноябр даври чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) оғоз гардид.