3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:50, Душанбе
23.06.2025 11:55

Хотамӣ: “Ҳамлаи Амрико ба Эрон сулҳи ҷаҳонӣ ва оромишу субот дар Ховари Миёнаро зери хатар қарор медиҳад”

Сайид Муҳаммад Хотамӣ, президенти пешини Эрон бо нашри изҳорот таҷовузи низомии Амрико ба қаламрави Эронро маҳкум кард ва онро поймол кардани қонунҳои байналмилалӣ ва ҳамла ба арзишҳои башарӣ арзёбӣ намуд.

Президенти пешини Эрон Сайид Муҳаммад Хотамӣ гуфт: “Таҷовузкорон, қабл аз он ки зерсохтҳои дифоӣ ва иқтисодии кишварро ҳадаф гиранд, дар талоши заиф кардани шуур ва иродаи умумии миллат буданд, аммо ноком монданд”.

Сайид Муҳаммад Хотамӣ бо ишора ба қурбониёни ҳамлаҳои ахир, аз ҷумла кӯдакон, занон, донишмандон ва сарбозони эронӣ гуфт, ки онҳо рамзи муқовимат ва истиқлоли Эронанд.

“Ворид шудани мустақими Амрико ба ин муноқиша нишонаи суқути ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ дар сиёсат аст ва сулҳи ҷаҳонӣ, махсусан оромиш ва субот дар Ховари Миёна зери хатари ҷиддӣ қарор гирифтааст”- таъкид намуд Сайид Муҳаммад Хотамӣ.

Ӯ ҳимояти худро аз Неруҳои мусаллаҳи Эрон баён карда, гуфт: “Мо ба ирода ва талошҳои фидокоронаи онҳо дар дифоъ аз тамомияти арзӣ ва муқовимат бо таҷовузкорон эътимод дорем”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.