3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:49, Душанбе
28.06.2025 11:16

Масъуд Пизишкиён аз Илҳом Алиев хост хабари ворид шудани бесарнишинҳои Исроил аз хоки Озарбойҷон таҳқиқ шавад

Масъуд Пизишкиён, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суҳбати телефонӣ бо Илҳом Алиев, Президенти Озарбойҷон хост, ки хабарҳои ворид шудани бесарнишинҳои Исроил аз фазои Озарбойҷон ба хоки Эрон дар ҷараёни ҷанг ба таври ҷиддӣ таҳқиқ шавад.

Масъуд Пизишкиён бо ишора ба ҳамлаи режими Исроил гуфт, ки Эрон ҳич гоҳ ҷангро оғоз накардааст, балки ин Тел-Авив буда, ки бо нақзи қонунҳои байналмилалӣ даст ба ҳамла зад. Ӯ гуфт: “Ҳамла ба марказҳои атомӣ, ҳатто дар замони ҷанг, ҷиноят бар зидди инсоният шумурда мешавад”.

Президенти Эрон афзуд, ки бар асари ин таҷовуз фармондеҳон, донишмандон ва афроди ғайринизомӣ дар Эрон кушта шуданд ва созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид дар маҳкум сохтани кушторҳо ва бомбаборонҳои фарогир сукут карданд. Ӯ бо интиқоди шадид аз сиёсати дугонаи Амрико гуфт, ки Вашингтон аввал гуфт Исроил бидуни иҷозати он коре нахоҳад кард, аммо ҳамла пеш аз оғози даври шашуми музокирот анҷом ёфт ва худи Амрико дар рӯзи ҳаштуми ҷанг ба муассисаҳои атомии Эрон ҳамла кард.

“Мо бо мардуми Озарбойҷон дӯст ҳастем ва риштаҳои ҳамбастагии мо бо ин кишвар амиқ ва гусастнопазир аст. Умедворем ҳамкориҳои дуҷониба пеш аз пеш тақвият ёбанд” – таъкид кард Масъуд Пизишкиён.

Ӯ аз Боку расман хост, ки гузоришҳои марбут ба эҳтимоли убури бесарнишинҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Исроил аз хоки Озарбойҷон ба хоки Эрон мавриди таҳқиқ қарор дода шавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.