Иддаои Трамп: “Дар бораи сарнавишти ҷанг бо Эрон тасмими бузурге дар пеш аст”
Ҳамлаи ҳавоии Арабистони Саудӣ ба 37 минтақаи ғайринизомии Яман дар 24 соат
Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ расман оғоз шуда, осорхонаи Сирк ифтитоҳ гардид
Ҷалби сармоягузорӣ ва роҳандозии корхонаҳои муштарак. Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони рус мулоқот кард
Аббос Ироқчӣ дар Женева: “Ҳамла ба муассисаҳои атомии Эрон ҷинояти бузурги ҷангӣ аст”
Сайид Аббос Ироқчӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суханронии имрӯзаш дар нишасти Шурои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева ҳамлаҳои Исроил бар зидди Эронро башиддат маҳкум намуда, афзуд, ки “ҳар гуна тавҷеҳ барои ин ҷанги ноодилона ширкат дар ҷинояти бузург хоҳад буд”.
Вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт, ки ҳамлаҳои Исроил бар зидди Эрон нақзи ошкорои ҳуқуқи байналмилаливу оинномаи Созмони Милали Муттаҳид аст, ки ҷанги ҷинояткоронаро ба мардуми як кишвар таҳмил мекунад. Ӯ изҳор дошт, ки “Эрон кишвари сулҳдӯст ва соҳиби яке аз тамаддунҳои қадимии башарист”, аммо имрӯз зери ҳамлаи як режими “таҷовузкор ва ишғолгар” қарор гирифтааст.
Аббос Ироқчӣ гуфт, ки ин ҳамлаҳо на танҳо афроди низомӣ, балки шахсиятҳои илмӣ, муаллимон, бемористонҳо, зерсохторҳои муҳимми шаҳрвандӣ ва ҳатто бинои Вазорати корҳои хориҷии Эронро ҳадаф қарор додааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто муассисаҳои атомии сулҳомез, ки зери назорати Агентии байналмилалии атомӣ қарор дорад, мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. “Ҳамла ба муассисаҳои атомӣ на фақат нақзи қонун, балки як ҷинояти ҷангӣ ва хатар барои муҳити зист ва амнияти умумӣ мебошад” – таъкид кард Аббос Ироқчӣ.
Вазири корҳои хориҷии Эрон бо ишора ба нақзи созишномаҳои Женеваи соли 1949 аз ҷониби Исроил ин амалиётро ҳамчун “ҷинояти ҷангӣ бар зидди башарият” арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, ин ҳамлаҳо дар ҳолест, ки Эрон дар раванди музокироти дипломатӣ қарор дошт ва қарор буд, бо Амрико дар таърихи 15-уми июн музокира анҷом диҳад. “Ин ҳамла на фақат амали таҷовузкорона, балки зарба ба дипломатия ва беэътибор сохтани низоми СММ мебошад” - гуфт Аббос Ироқчӣ.
Ӯ ҳамчунин, ҷомеаи байналмилалиро ба иқдом даъват карда, гуфт, ки сукут дар баробари ин таҷовуз метавонад боиси фурӯпошии низоми ҳуқуқи байналмилалӣ гардад: "Ҷомеаи ҷаҳонӣ, давлатҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ бояд бедор шаванд ва ба ин таҷовуз хотима диҳанд. Ҷазо надодани ҷинояткорон бояд поён ёбад." Аббос Ироқчӣ гуфт, Эрон ҳуқуқи табиӣ ва қонунии худро барои дифоъ аз истиқлол, якпорчагӣ ва амнияти миллиаш истифода хоҳад бурд. Ӯ дар охир таъкид кард, ҳамчун шахсе, ки зиндагии худро ба дипломатия бахшидааст ва ҷанги таҳмилии Ироқро аз сар гузаронидааст, дифоъ аз Ватанро амри муқаддас медонад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ду кудак бо дастони баста дар ғори Муъминобод пайдо шуданд
Ба ҷои метро дар Душанбе роҳи оҳани шаҳрӣ. Тоҷикистон аз ширкатҳои кореягӣ хост дар ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд