2 Ноябр 2026,
душанбе, 16:07, Душанбе
02.11.2026 14:52

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад

Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои солҳои 2026-2030 нақшаи сармоягузорӣ ба маблағи 900 миллион долларро таҳия мекунанд.

Ҷузъиёти ин нақша рӯзи 27-уми октябр дар дидори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Маттео Патроне, ноиби президенти БАТР оид ба масъалаҳои бонкӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ шудааст. Дар бораи ҷузъиёти барномаи 900 миллиондолларии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) рӯзи 2-юми ноябр сомонаи “Worldnewsam” хабар додааст.

Ин сомона менависад, ки дар ин дидор вазъияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дурнамои густариши сармоягузории бонкҳо ба иқтисоди кишвар баррасӣ шуданд.

Бар асоси иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии сармоягузории БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози фаъолияташ, аз соли 1993 то кунун аз 1, 1 миллиард евро гузаштааст.

Ҳар ду ҷониб ба ёддошти тафоҳум оид ба таҳияи харитаи роҳи сармоягузорӣ, ки моҳи сентябр аз сӯйи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти БАТР имзо шуда буд, ишора намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон БАТР-ро яке аз шарикони муҳимми кишвар дар рушди иқтисод, инфрасохтор ва бахши хусусӣ номид ва хостори афзоиши маблағгузории мустақим ба корхонаҳои истеҳсолӣ ва пешниҳоди қарзҳои дарозмуддати дастрас ба соҳибкории хурду миёна, бахусус дар минтақа шуд.

Дар ин мулоқот масъалаи додани қарз бо пули миллӣ ва омода намудани ширкатҳои ватанӣ барои баровардани вомбаргҳо низ баррасӣ шудааст.

Ин сомона афзуд, ду ҷониб дар хусуси беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, низоми обҳои партов ва обёрӣ, идоракунии корхонаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, маориф ва рақамикунонӣ гуфтугӯ намуданд.

Расонаи болозикр дар пайи нашри ин хабар арзёбӣ намуд, ки агар харитаи роҳи пешниҳодкардаи Тоҷикистон омалӣ шавад, маблағгузории миёнаи солонаи БАТР ба Тоҷикистон дар панҷ соли оянда тақрибан 180 миллион долларро ташкил хоҳад дод. Ин нисбат ба ҳаҷми қарордодҳои имзошудаи бонк дар соли 2025, ки наздики 103 миллион доллар буд, тақрибан 75 фоиз бештар мебошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.
02.11.2026 10:25

Даври чоруми бақайдгирии довталабон оғоз шуд. Киҳо метавонанд донишҷӯ бишаванд?

Имрӯз, 2-юми ноябр даври чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) оғоз гардид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.