Беш аз 10,3 миллион сайёҳ ба Ӯзбекистон рафтаанд: Тоҷикистон дар сафи пеш
Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд
Аббос Ироқчӣ: “Эрон таслим намешавад, музокирот бо ИМА идома дорад ва боз шудани тангаи Ҳурмуз ба созиш вобаста аст
Пизишкиён: “Хок мехӯрем, аммо хок намедиҳем”. Ин сухани Сатторхон аст ё Аҳмадшоҳи Масъуд?
Таҳлилгари Исроил: “То як ҳафтаи дигар Исроил ба вазъияти буҳронӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд”
Як таҳлилгари исроилӣ бо таҳлили вазъияти тавоноиҳои мушакии Исроил навишт, ки муҳимоти дифои ҳавоии Исроил дар муддати аз 5 то 10 рӯзи охир ба поён хоҳад расид.
Алон Мизахрӣ, таҳлилгари исроилӣ имрӯз дар шабкаи иҷтимоии “Х” чунин навишт: “Яке аз унсурҳои муҳимми ин ҷанг, ки ба андозаи кофӣ дар хусуси он баҳс нашудааст, масъалаи муҳимот аст”.
Алон Мизахрӣ афзуд, ки барои оғоз кардани ҷанг бо ин шева ва ҳамчунин, муҳимоте, ки Исроил истифода мебарад, то кунун ҳеч кишвари аврупоӣ истифода накардааст. Ба гуфтаи ин таҳлилгар, истеҳсоли ҳар ду навъи силоҳҳои системаҳои дифоӣ гарон ва ноёб аст.
“Ҳатто Амрико ҳам бештар аз чандсад мушаки дифоии бисёр пешрафтаро дар як сол истеҳсол намекунад. Агар Исроил ҳатто битавонад чандсадтои дигарашро истиҳсол кунад, наметавонад аз 2 то 3 ҳазор чунин навъи мушаки дифоиро истеҳсол кунад. Ин мушакҳо азим ва ҳар кадомашон чанд миллион доллар арзиш доранд”- менависад Алон Мизахрӣ.
Ин таҳлилгар таъкид мекунад, мушакҳои пешрафтае, ки Исроил истифода мекунад, ба мисли AGM-158B-и Амрико бо теъдоди хеле кам истеҳсол мешавад ва то имрӯз тақрибан ба теъдоди 3 ҳазор барои артиши Амрико истеҳсол шудааст.
“Бо назардошти захираҳои тахминӣ аз 3 ҳазор мушаки замин ба ҳаво ва 3 ҳазор мушаки дифоӣ, эҳтимол меравад Исроил дар муддати 10 рӯз тамоми муҳимоти муҳимро сарф кунад”- менависад ин таҳлилгар.
Ба навиштаи ин таҳлилгар Британия ва Фаронса ҳарчӣ метавонанд мефиристанд ва Амрико низ Исроилро то ҳадди имкон аз нав муҷаҳҳаз мекунад, аммо ин корро наметавонанд беш аз 5 то 10 рӯзи дигар идома диҳанд.
“Баъдан Исроил маҷбур мешавад аз ҷойгузинҳои хеле заифтар истифода кунад, ҳатто агар теъдоди кофӣ дошта бошад”- менависад ин таҳлилгар.
Алон Мизахрӣ меафзояд, вақте системаҳои дифоии Исроил заиф мешаванд, Эрон шояд битавонад бо аз байн бурдани чанд воҳиди дифоӣ бузургтарин ва харобкунандатарин силоҳҳои худ, аз ҷумла мушаки “Хуррамшаҳр - 4” бо кулоҳаки 1500 киллограмро ба кор барад.
“Барои муқоиса харобие, ки то имрӯз дар Исроил дидаем, натиҷаи кулоҳакҳое бо се як ҳиссаи вазни он аст. Мо дар бораи нобуд кардани як маҳаллаи пурраи шаҳр ё пойгоҳи низомӣ дар чанд сония сухан мегӯем”- зикр мекунад Алон Мизахрӣ.
Ӯ таъкид мекунад, ки тақрибан то як ҳафтаи дигар Исроил ба вазъияти шадиди буҳронӣ гирифтор хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
26 сухани афкорсози устод Иброҳим Исмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат
Путин мегӯяд Русия барои ҳалли низоъ омода аст ба Эрон кумак кунад
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.