3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:49, Душанбе
29.06.2025 14:19

Ҷанозаи 60 фармондеҳи кушташудаи Эрон бо ҳузури ҳазорон нафар дар маркази Теҳрон баргузор шуд

Рӯзи шанбе хиёбонҳои марказии пойтахти Эрон - шаҳри Теҳрон шоҳиди маросими бесобиқаи видоъ бо 60 нафар қурбониёни ҷанги охири 12 – рӯза бо Исроил шуданд. Дар миёни кушташудаҳо 16 донишманди атомӣ, 10 фармондеҳи баландпояи низомӣ ва теъдоде занону кӯдакон низ буданд, ки дар ҷараёни ҳамлаҳои Исроил ба ҳалокат расиданд.

Маросим аз саҳари барвақт аз назди даромадгоҳи асосии Донишгоҳи Теҳрон оғоз шуд ва дар роҳи майдони Инқилоб то майдони Озодӣ идома ёфт. Хиёбонҳо пур аз издиҳоми мотамдор буд, ки парчамҳои сурхи “Ё Ҳусейн” ва шиорҳои “Марг бар Исроил” ва “Марг бар Амрико” –ро баланд бардошта буданд. Ҷавонону пиронсолон ва мардону занон дар ин раҳпаймоии мотам ширкат намуда, бо эҳсоси андуҳ ва ифтихор тобутҳои шаҳидонро бар дӯш мекашиданд.

Дар ин маросим шахсиятҳои калидии сиёсиву низомии Эрон ҳузур доштанд, аз ҷумла президент Масъуд Пизишкиён, фармондеҳи Қудс Исмоил Қоонӣ ва мушовири роҳбари  Эрон Алӣ Шамхонӣ, ки қаблан хабари кушташудани ӯ нодуруст дар расонаҳо нашр шуда буд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Ироқчӣ дар ин маросим гуфт, ки “мо хуни худро додем, аммо шарафамонро на. Дар луғати миллати Эрон калимаи таслим вуҷуд надорад”. Ӯ баъдан бо нашри аксаш дар Инстаграм, ки дар канори тобути генерал Ҳусайн Саломӣ истода буд, навишт: “Ифтихори миллат аз ҳама чиз гаронбаҳотар аст. Миллати Эрон имрӯз бо сари баланд ва иродаи қавитар ба оянда менигарад”.

Баъди анҷоми  маросими асосӣ дар майдони Инқилоб ҷанозаи шаҳидон ба самти майдони Озодӣ ҳаракат кард. Бар асоси хабарҳои расмӣ қисми қурбониён дар Теҳрон, аз ҷумла дар гӯристони Беҳишти Заҳро ва қисми дигар дар шаҳру ноҳияҳои зодгоҳашон ба хок супурда хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи мақомоти Эрон ташкили чунин маросими бошукӯҳ рамзи ваҳдати миллӣ ва посухи рӯшан ба таҳдидҳои хориҷӣ аст. Нозирони сиёсӣ мегӯянд, ки дар чанд даҳсолаи ахир фақат дар замони ҷанги Эрону Ироқ чунин маросимҳое бо чунин издиҳоми бесобиқа баргузор шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ҷанги ахири миёни Эрон ва Исроил баъд аз ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Эрон дар 13-уми июн оғоз ёфт, ки бо ҳамлаҳои баъдии Амрико ва зарбаҳои ҷавобии Эрон ба пойгоҳи амрикоӣ дар Қатар идома кард. Фақат баъд аз ба миён омадани талафоти сангин ду ҷониб бо миёнравии байналмилалӣ ба оташбас расиданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.