2 Ноябр 2026,
душанбе, 16:49, Душанбе
02.11.2026 15:32

Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард

Александр Огородников, сафири ғайримуқими Беларусия дар умури Афғонистон рӯзи яшанбе эътимодномаи худро ба Мулло Ҳасан Охунд, раиси ҳукумати гурӯҳи террористии Толибон супурд.

Дар ҷараёни супурдани эътимоднома, ки дар Арг, қароргоҳи ҳукумати гурӯҳи террористии Толибон доир шуд, Амирхон Мутаққӣ, вазири корҳои хориҷии Толибон низ ҳузур дошт.

Худи Толибон дар як изҳорот таъкид намудаанд, ки Мулло Ҳасан Охунд дар суҳбат бо сафири Беларусия масъалаи густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардааст. Толибон таъкид кардаанд, ки сафири Беларусия ба рушди робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду кишвар таъкид кардааст.

Сафири Беларусия ҳамчунин, аз сиёсати иқтисодмеҳвари Толибон изҳори қаноатмандӣ намуда, ваъда додааст, ки дар даври маъмурияти худ барои рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду кишвар талош хоҳад кард.

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии гурӯҳи террористии Толибон омадааст, ки сафири навтаъини Беларусия эътимодномаи худро ба Амирхон Мутаққӣ низ супурдааст.

Ҷумҳурии Беларусия дар Кобул сафорат надорад ва равобити консулии худ бо Афғонистонро ба воситаи сафорати худ дар шаҳри Тошканд пеш мебарад. Гурӯҳи террористии Толибон низ дар Беларусия намояндагии дипломатӣ надоранд ва корҳои консулии худро аз тариқи сафорати худ дар шаҳри Маскав пеш мебаранд.

Дар моҳҳои охир рафту омади дипломатҳои Толибон ба Беларусия афзоиш ёфтааст.

Хабаргузориҳои Афғонистон қаблан хабар дода буданд, ки гурӯҳи Толибон аз Беларусия таҷҳизоти низомӣ харидорӣ мекунад. Аммо ин иттилоъ аз ҷониби ҳеч манбаи расмӣ тасдиқ нашудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.
02.11.2026 10:25

Даври чоруми бақайдгирии довталабон оғоз шуд. Киҳо метавонанд донишҷӯ бишаванд?

Имрӯз, 2-юми ноябр даври чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) оғоз гардид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.