Маскав: ҳузури дубораи Амрико дар Афғонистон ба кишварҳои минтақа таҳдид аст
Трамп: “Дар куштани роҳбарони Эрон зиёдаравӣ кардем / Ҳоло бо кӣ гуфтугӯ кунем”
Фишори Трамп бар Зеленский: “Ба фикри тавофуқ бо Путин бош”
Артиши Яман аз сарнагун кардани паҳподи “Винг Лунг-2” хабар дод
Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Амрико бояд бидонад, миллати Эрон таслим намешавад”
Оятуллоҳ Хоманаӣ, роҳбари олии Эрон бо нашри паёми телевизионӣ дар вокуниш ба изҳороти ахири Президенти Амрико гуфт, ки “миллати Эрон дар мақобилаи ҳар гуна таҳмил, чӣ ҷангӣ ва чӣ сулҳомез, истодагарӣ хоҳад кард ва таслим нахоҳад шуд”.
Тибқи гузориши “Меҳр” Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин паём, ки дар пасманзари ҳамлаҳои ахири Исроил ба қаламрави Эрон ва дар вокуниш ба изҳороти тунди президенти Амрико пахш шуд, рӯшан гуфт, ки миллати Эрон ҳеч гоҳ таҳдидҳоро қабул намекунад ва дар баробари таҷовузҳо устувор боқӣ хоҳад монд.
“Амрикоиҳо бояд бидонанд, ки ҳар гуна дахолати низомии онҳо дар минтақа бидуни шак бо осеби ҷуброннопазир рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Касоне, ки бо таърихи Эрон ва мавқеи мардуми он ошно ҳастанд, таҳдид ба ин миллат бефоида аст” - таъкид намуд Оятуллоҳ Хоманаӣ.
Роҳбари олии Эрон ба вокуниши мардуми Эрон пас аз ҳамлаҳои ахири режими саҳюнистӣ ишора намуда, гуфт: “Ин посухи шоиста ва бошууронаи мардум ба ҳамлаи аблаҳона ва хиёнатомез нишондиҳандаи болиғ шудани тафаккури миллат ва пойдории арзишҳои маънавӣ аст”.
Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид намуд, ки ҳамлаи ахири Исроил дар ҳоле анҷом шуд, ки Эрон дар ҳоли музокираи мустақим бо Вашингтон қарор дошт ва аз ҷониби Теҳрон ҳеч иқдоми низомии таҳрикунанда сурат нагирифта буд.
Ба гуфтаи ӯ, “бархе гумон доштанд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар пушти ҳамлаи режими саҳюнистӣ қарор дорад ва изҳоротҳои ахири мақомоти амрикоӣ ин гумонҳоро тақвият бахшид”.
Дар идомаи паёми телевизионӣ роҳбари олии Эрон аз ҳамаи соҳибони ақл ва расонаҳое, ки бо афкори умумиҷаҳонӣ иртибот доранд, даъват кард, ки “ҳақиқатро тавзеҳ диҳанд ва иҷозат надиҳанд, ки таблиғоти душман ҳақиқатро таҳриф кунад”.
Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин, изҳори умедворӣ кард, ки “ҷиноёти душмани саҳюнистӣ бе ҷавоб нахоҳанд монд” ва “муҷозоти сахт бар зидди ин душман оғоз шуда ва дар оянда низ идома хоҳад ёфт”.
Ӯ дар поёни паёми худ бо такя ба оёти Қуръон мардумро ба муқовимат ва таваккал даъват намуд ва зикр кард, ки “Пирӯзӣ танҳо аз ҷониби Худованди азиз ва ҳаким аст ва ин миллат ҳатман пирӯз хоҳад шуд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Нафси боиштиҳо”-и мошинҳо мақомоти Тоҷикистонро ба сӯйи Эрону Амрико мекашад
Сафари Президенти кишвар ба Шаҳринав аз боздиди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оғоз шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш 84 фоиз иҷро гардид
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд