Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Исроил дар куштани президенти Эрон бо “дронҳои маргбор” ноком шудааст
Мақоми амниятии Ҷумҳурии Исломии Эрон фош кард, ки Исроил дар давоми ҷанги 12-рӯза нақша дошт, ки ба воситаи “дронҳои маргбор” президенти Эронро террор кунад, вале дар ин кор ноком шуд.
Илёс Ҳазратӣ, раиси Шурои иттилооти ҳукумати Эрон фош кард, ки Исроил нақшаи сӯйиқасди Масъуд Пизикшиён ба воситаи дронҳои маргборро тарҳрезӣ карда буд. Ӯ гуфт, Исроил барои террори Пизишкиён “чанд дрони махсус”-ро омода карда буд, ки мақомоти амниятии Эрон сари вақт аз ин нақша пешгирӣ карданд.
“Исроил талош дорад бо террор ҷангҳои равонӣ ва иғво мардуми моро ноумед кунад. Мо на барои оташбас, балки барои посух додан ба ҳамлаҳои Исроил омодаем” – таъкид кард Илёс Ҳазратӣ.
Илёс Ҳазратӣ афзуд, ҳатто дар рӯзҳое, ки президент Масъуд Пизишкиён зери таҳдиди мустақими дронҳои душман қарор дошт, шахсан дар роҳпаймоиҳо ширкат намуда, аз вазоратхонаҳо дидан мекард ва ба кори ҳукумат бидуни таваққуф идома медод.
“Президент шахсан дар ҳама ҷабҳаҳо ҳузур дошт. Пайваста ба вазоратхонаҳо сар мезад ва маҷлисҳои муҳимро идома медод. Бисёре аз боздидҳои Пизишкиён ҳатто дар расонаҳо инъикос нашудаанд. Ҳама аъзои ҳукумат низ дар бахшҳои худ фаъол буданд ва дар сафи аввал барои идораи кишвар талош мекарданд” – таъкид кард Илёс Ҳазратӣ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд