Ҳимояти Бритониё аз режими Исроил дар Маҷмаи Умумӣ
Иддаои Уиткофф: “ИМА ва Эрон тавассути миёнаравҳо музокироти тӯлонӣ анҷом доданд”
Трамп иддао кард, ки ҳайати амрикоӣ бо ҳайати эронӣ се соат гуфтугӯ кард
Эрдуғон мегӯяд ҳаққи вето дар Шурои амнияти СММ лағв шавад
Шумораи исроилиҳое, ки ба Фаластин бармегарданд, коҳиш ёфтааст
Тибқи гузориши расонаҳои исроилӣ шумораи шаҳрвандони Исроил, ки баъд аз солҳои зиндагӣ дар хориҷи кишвар ба қаламравҳои ишғолии Фаластин бозмегарданд, ба таври нигаронкунанда коҳиш ёфтааст. Фақат дар панҷ соли ахир мизони бозгашт 53 фоиз поин рафтааст.
Ба гузориши сомонаи хабарии "Ynet", амалиёти 7-уми октябр, буҳронҳои давомдор ва ҷангҳои тӯлонӣ дар чандин ҷабҳаҳо омилҳои аслии коҳишёбии бозгашти исроилиҳо арзёбӣ мешавад.
Бино бар иттилои раиси Кумитаи муҳоҷират дар Кнессет (парлумони Исроил) дар солҳои 2014 то 2024 ҳамагӣ 73 ҳазору 189 нафар шаҳрвандони Исроил дубора ба сарзамини ишғолшуда баргаштаанд, ки дар сол тақрибан ба 6650 нафар барробар аст.
Ин рақам аз соли 2020 ба ин сӯ босуръат дар ҳоли коҳиш ёфтан аст. Аз 7987 нафар дар соли 2020 ба 3793 нафар дар соли 2024 расидааст. Соли 2023 коҳиши бесобиқа бо сабти 4470 бозгашт нисбат ба 7529 нафари соли қабл ба қайд гирифта шудааст.
Мутахассисон омилҳои аслии тарки Исроил ва боз нагаштани шаҳрвандони исроилиро шумурда, гуфтаанд, ки табаддулоти давлатӣ, эътирозҳои густурдаи иҷтимоӣ, ҳамлаи ногаҳонии Ҳамос ва нооромиҳои амнияӣ, гаронии рӯзгору махориҷи зиндагӣ аз омилҳои асосӣ мебошанд.
Бар асоси омор наздик ба 1 миллион шаҳрванди Исроил дар хориҷ аз қаламрави ишғолӣ ба сар мебаранд. Аз миёни онҳо 50% аз Амрикои Шимолӣ бозгаштаанд, 13% аз Британия, Олмон ва Фаронса ва тақрибан 8% аз Русия ва Украина, ки дар пайи ҷанги ин ду кишвар ба Исроил бозгаштаанд.
Таҳқиқот нишон медиҳад, ки 30% афроди бозгашта баъди 5 соли зиндагӣ дар хориҷ баргаштаанд, дар ҳоле, ки 70% беш аз ин муддат дар хориҷ мондаанд. Яке аз се баргаштагон беш аз 10 сол дар хориҷ будаанд.
Гузоришҳои расмӣ нишон медиҳанд, ки равнадҳои сиёсиву амниятии ахир дар Исроил таъсири амиқ ба муҳоҷират ва бозгашти шаҳрвандон доштаанд ва ин шояд хатарҳои демографияи иҷтимоии ҷиддиро дар пай дошта бошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ню-Йорк таймз” дурӯғҳои Трамп дар бораи нафт, Венесуэла ва Ғазза дар СММ-ро фош кард
Мунтахаби футболи Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку бозии дӯстона анҷом медиҳанд