29.09.2025 15:57
29-уми сентябри соли 2025 дар вилояти Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон тамринҳои махсуси низомӣ зери унвони “Кобалт-2025” оғоз шуд. Дар ин машқҳо воҳиди неруҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, гвардияи миллӣ, хадамоти зиддинашъа ва воҳидҳои наҷотдиҳӣ ва сӯхторхомӯшкунӣ, ки бо ҳайати қувваҳои махсуси таъиноти коллективии КSOR СААД дохил мешаванд, ширкат мекунанд.