Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Эмомалӣ Раҳмон дар Ваҳдат корхонаи нави истеҳсоли хиштро ифтитоҳ кард
26-уми сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи нави истеҳсоли хишти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди (ҶДММ) “Талант”-ро ба истифода доданд.
Иншоот аз ҷониби соҳибкор Муҳаммадӣ Қодирзода бо бародаронаш бунёд шуда, иқтидори он истеҳсоли то 250 ҳазор дона хишти пӯхта дар як шабонарӯз мебошад. Дар корхона 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.
Ба гуфтаи мақомот, “Талант” ягона корхонаи хиштбарорӣ дар Тоҷикистон аст, ки бо болопӯши даврзананда муҷаҳҳаз мебошад. Ин технологияи нав имкон медиҳад, ки истеҳсолот дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар шароити борон ё барф, идома ёбад.
Раисиҷумҳур ифтитоҳи иншооти саноатиро як қадами муҳим дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумат — саноатикунонии босуръати кишвар арзёбӣ карданд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки рушди чунин корхонаҳо на танҳо ба таъмини бозори дохилӣ бо масолеҳи сохтмонӣ, балки ба афзоиши шуғли сокинон низ мусоидат мекунад.
Корхона барои истеҳсол се навъи ашёи хом — хоки сафед, гили сурх ва хокаи ангиштро истифода бурда, маҳсулотро бо тамғаи “Элок” тибқи стандартҳои байналмилалӣ мебарорад. Масоҳати умумии он 3 гектарро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон ба Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бинои асосии корхона муаррифӣ гардид, ки аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар шафати роҳи байналмилалии Душанбе–Кӯлоб–Хоруғ ҷойгир аст. Дар ин иншоот 20 нафар бо кор таъмин хоҳанд шуд.
Дар айни замон, тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон 160 корхонаи истеҳсоли хишти пӯхта фаъолият дорад. Бо ворид намудани таҷҳизоти муосир, аз ҷумла истифодаи роботҳо, иқтидори истеҳсолии “Талант” ба сатҳи нав бардошта мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод