Барои бунёди зеристгоҳи нави барқӣ санги асос гузошта шуд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад
Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад
Созишномаи грантӣ оид ба бунёди зеристгоҳи барқӣ дар Душанбе ба имзо расид
Дар Тоҷикистон дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ қонун қабул гардид
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди баҳсу баррасиҳои зиёд “Қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ”-ро, ки ҳадафаш кумак ба қишри осебпазири ҷомеа аст, қабул кард. Дар ин бора дафтаи матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намоянадгони Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 13-уми ноябр таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкур ва ҳамчунин, Созишномаи қарзӣ байни Тоҷикистон ва Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаи НБО-и Роғун (Лоти 4) баррасӣ гардид. Тибқи иттилоъ дар робита ба ин ки оё созишнома қабул мешавад ё не, хабар нашр нашудааст.
Тибқи иттилои сомонаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон “Қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҷомеа, расонидани кумак ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ бо роҳи фароҳам овардани фазои мусоиди иқтисодӣ пешниҳод шудааст: “Дастгирии иҷтимоӣ на танҳо аз баамалбарории сиёсати якҷонибаи давлатии ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нақдӣ ва кумакҳои модӣ, балки аз фароҳам овардани шароити мусоид барои барқарор шудани қобилияти меҳнатӣ ва фарогирии иқтисодии онҳо иборат аст.”
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Амрико ҳашт ширкати молиявии Канадаро ба далели анҷоми муомилот бо Эрон таҳрим кард
Трамп аз “пешрафти зиёд” дар музокироти Амрико ва Эрон хабар дод
Мақоми Созмони Милали Муттаҳид хостори иқдоми фаврӣ барои ҳимоят аз таҳсили духтарони Афғонистон шуд
Ҳушдори Русия ба Аврупо: ҷойгир кардани неру ва амалиётӣ низомӣ Баҳри Сиёҳро ноором мекунад