Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Ифтитоҳи бинои нави КДАМ дар шаҳри Ваҳдат
26-уми сентябр бо ҳузури Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) дар шаҳри Ваҳдат мавриди истифода қарор гирифт.
Иншооти чорошёна бо таҳхона дорои ҳуҷраҳои корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ барои 40 нафар, толори варзишӣ, ошхона ва ҳуҷраи бойгонӣ мебошад. Ба гуфтаи мақомот, шароити муосир барои фаъолияти кормандон дар ин бино фароҳам оварда шудааст.
Дар маросим ҳамзамон калиди манзилҳои нави истиқоматӣ ба кормандони КДАМ дар Ваҳдат супурда шуд. Президенти кишвар таъкид намуданд, ки “дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, ҳифзи амнияти миллӣ ва таъмини оромию субот” яке аз ҳадафҳои асосии давлат мебошад. Пешвои миллат кормандони мақомоти амниятиро ба иҷрои содиқонаи масъулият ва хизмат ба нафъи ҷомеа вазифадор карданд.
Бинои нави хизматӣ бо инфрасохтори ёрирасон, чароғон ва сабзкорӣ иҳота шуда, барои кормандон шароити беҳтари кориву зиндагӣ муҳайё месозад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд