4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:46, Душанбе
27.09.2025 13:45

Рушди сайёҳӣ. Саҳми ин соҳа дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,5 % таъмин шуд

Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мусоҳиба ба АМИТ "Ховар" хабар додааст, ки давоми панҷ соли охир шумораи сайёҳони хориҷӣ ба ҳисоби миёна 18% афзоиш ёфта, дар 8 моҳи соли равон 34% зиёд гардидааст.

"Тӯли чанд соли охир дар кишвар даҳҳо меҳмонхонаҳои 3, 4 ва 5 ситорадор, осоишгоҳҳо ва марказҳои муосири хизматрасонӣ бунёд гардиданд, ки ба талаботи замони муосир ҷавогӯ мебошанд. Беш аз 200 ширкати сайёҳӣ ва 360 субъекти хизматрасонии сайёҳие, ки имрӯз фаъолият мекунанд, ба ҷаҳонгардон тибқи талаботи байналмилалӣ хизмат мерасонанд", - афзудааст Ҷамшед Ҷумъахонзода.

Ба таъкиди раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми сайёҳӣ дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,5 % таъмин гардидааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо