25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 18:12, Душанбе
27.09.2025 14:55

Дар бораи талошҳо барои таъсиси кишвари Фаластин чӣ медонем?

Сарзаминҳои фаластинӣ даҳсолаҳо боз дар ҳолати номуайянии сиёсӣ қарор доранд ва талаби истиқлол ва ба расмият шинохтаи он дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчунон, мавриди баҳс ва мунозира аст. Аз замони эълони мавҷудияти Исроил дар соли 1948 Навори Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ маркази низоъҳои пайваста бар сари марзҳо ва ҳокимияти Фаластин будаанд.

Тасмими қатъии бархе кишварҳо дар хусуси ба расмият шинохтани Фаластин

Бо идомаи буҳрони инсонӣ дар Ғазза Австралия, Канада ва Британия рӯзи 21-уми сентябр эълон карданд, ки кишвари Фаластинро ба расмият мешиносанд. Ин тасмим дар остонаи оғози нишасти солонаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон шуд.

Сарвазири Австралия гуфт, ки ин тасмим қасиме аз “талошҳои ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ барои эҷоди тавони тоза дар роҳи ҳалли ду кишварӣ” аст.

Чаро талошҳои ба расмият шинохтани Фаластин бештар шудааст?

Фишорҳои тоза барои ба расмият шинохтани кишвари Фаластин, пеш аз нишасти моҳи сентябри Маҷмаи Умумии Созмони Милал шиддат гирифт, ки инъикоси нигарониҳо дар хусуси вазъияти вахими инсонӣ дар Ғазза аст. Ҷанги кунунӣ пас аз ҳамлаи ғофилгиронаи Ҳамос дар 7-уми октябри соли 2023 оғоз шуд ва Исроил тақрибан ду сол аст, ки амалиёти густурдаи низомиро барои нобудсозии ин гурӯҳ пеш мебарад.

Ин амалиёт бахши бузурге аз Ғаззаро хароб намуда ва дастрасиро ба кумакҳои инсонӣ, ба таври ҷиддӣ маҳдуд намудааст, то ҷое ки созмонҳои имдодӣ аз вуқӯи қаҳтӣ дар Ғазза хабар додаанд. Вазорати тандурустии таҳти назорати Ҳамос теъдоди қурбониёнро беш аз 60 ҳазор нафар эълон кардааст, ҳарчанд Исроил ин оморро рад мекунад.

Кишварҳое чун Австралия, Канада, Британия, Фаронса ва Белгия тағйири мавқеъ ва ҳимояташон аз истиқлоли Фаластинро бо истинод ба ин буҳрон эълон намудаанд. Вазири корҳои хориҷии Фаронса таъкид намуд, ки бидуни тасвири чашмандози муштарак барои давраи пас аз ҷанг наметавон ба оташбаси устувор умед баст. Сарвазири Австралия низ истиқлоли Фаластинро “беҳтарин умеди башарият барои поён додан ба даври хушунат” донистааст.

Ин тағйири сиёсатҳо, ҳамчунин, натиҷаи фишори афкори умумии дохилии кишварҳост, ки дар бисёре аз онҳо ҷомеаҳои мусалмон аз сиёсатҳои Исроил ба шиддат интиқод мекунанд. Бо вуҷуди таъкид бар нигарониҳои инсонӣ, баъзе коршиносон сиёсати дохилиро муҳаррики асосии ин тағйири мавқеъ медоданд ва бар ин боваранд, ки давлатҳо мекӯшанд, назари гурӯҳи интихобкунандагони мусалмонро ҷалб кунанд.

Дар муқобил давлати Трамп ин талошҳоро “шаппотӣ ба рӯи қурбониёни 7-уми октябр ва подош ба терроризм” хонда ва дар ин роста додани бештари визаҳои меҳмон барои дорандагони шиносномаи фаластиниро мутаваққиф кардааст, ки ин амал монеи ҳузури мақомоти фаластинӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал ё сафар ба Амрико мешавад.

Чанд кишвар Фаластинро ба расмият шинохтаанд?

То  моҳи март  147 кишвар аз 193 узви Созмони Милали Муттаҳид кишвари Фаластинро ба расмият шинохтаанд. Амрико ҳамчун мутаффиқи асосии Исроил ва баъзе аз қудратҳои гурӯҳи ҳафт, аз ҷумла Олмон, Италия ва Ҷопон ҳанӯз ин корро накардаанд.

Фаронса нахустин кишваре буд, ки дар моҳи июл эълон кард дар сентяб Фаластинро бидуни ҳич қайду шарте ба расмият мешиносад. Баъдан, Британия, Канада, Австралия ва Белгия низ бо шартҳое чун халъи силоҳи сарзаминҳо, баргузории интихобот, озодии гаравгонҳо ва хориҷ намудани Ҳамос аз сохтори ҳукумат амали мушобеҳ анҷом додаанд. Вазирони умури хориҷии 15 кишвари дигар, аз ҷумла Ирландия, Норвегия ва Испания низ хостори эҳёи роҳи ҳалли ду кишварӣ шудаанд.

Ҳарчанд аз соли 1993 то кунун президентҳои Амрико (ба ҷуз Трамп) аз роҳи ҳалли ду кишварӣ ҳимоят кардаанд, ҳич кадом Фаластинро ба таври якҷониба ба расмият намешиносанд. Назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки 60 фоизи амрикоиҳо хостори ба расмият шинохтани ин кишвар ҳастанд, вале беш аз нисфи фаластиниҳо бо роҳи ҳалли ду кишварӣ мухолиф мебошанд.

Таърихи Фаластин дар СММ

Дар моҳи октябри соли 1974 Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи 3210 Созмони озодибахши Фаластинро ҳамчун ягона намояндаи машруи мардуми Фаластин ба расмият шинохт ва ба он мақоми нозирро дод.

Як сол баъд Кумитаи татбиқи ҳуқуқи дахлнопазирии мардуми Фаластин бо 25 узв ва 24 нозир барои ҳимоят аз ҳаққи худмуайянкунӣ ва истиқлоли фаластиниён таъсис ёфт. Пас аз эълони истиқлоли Фаластин дар соли 1988, номи Фаластин дар низоми Созмони Милали Муттаҳид ҷойгузини “Соф” шуд. Дар соли 2012 сарзаминҳои фаластинӣ бо раъйи аксарияти Маҷмаи Умумӣ мақоми “нозири доимии ғайриузв” – ро ба даст оварданд, мушобеҳи мақоми Ватикан. Ин мақом имкони ширкат дар нишастҳо ва нигоҳ доштани ҳайати намояндагиро фароҳам мекунад, вале ҳаққи раъй дар Шурои Амниятро надорад.

Аз он замон Фаластин ба чандин паймони ҳуқуқи башари Созмони Милал ва ниҳодҳое чун Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ пайвастааст. Бо вуҷуди ҳимояти густурда дар Маҷмаи Умумӣ, узвияти комили Фаластин ба далели мухолифати Шурои Амният, хусусан аз ҷониби Амрико ҳанӯз амалӣ нашудааст.

Раванди Созмони Милал дар бораи додани узвият

Барои узвияти комили Созмони Милали Муттаҳид кишвари дархосткунанда нахуст бояд дархосташро ба Дабири кулл пешниҳод кунад, то ба Шурои Амният ирсол шавад. Тасдиқи ҳадди аққал 9 узв аз 15 узви Шуро ва набуди вето аз 5 узви доимии он лозим аст. Сипас, дархост ба Маҷмаи Умумӣ меравад ва барои тасдиқи ниҳоӣ ду севуми овозҳо зарур аст.

Дар соли 2011 Маҳмуд Аббос дархости узвияти комили Фаластинро пешниҳод намуд, вале дар Шурои Амният боз дошта шуд. Дар соли 2024 низ Амрико ин дархостро вето кард ва таъкид кард, ки узвият фақат  ба воситаи музокироти мустақими Ташкилоти худгардони Фаластин бо Исроил имконпазир аст. Ҳатто истиқлоли сарзаминҳои фаластинӣ низ ба маънои додани ҳаққи узвияти комил дар Созмони Милал нест.

Оё таъсиси кишвари Фаластин амалӣ аст?

Идеяи роҳи ҳалли ду кишварӣ аз замони паймонҳои Ослон дар соли 1993 бахши марказии талошҳои сулҳ будааст. Ин созишҳо бар ба расмият шинохтани мутақобили Исроил ва Соф, ташкилоти худгардони фаластиниён ва ҳалли мусолиматомези низоъ тамаркуз дошт, ҳарчанд ба таъсиси  кишвари Фаластин ишора накарда буд.

Бо ин ҳол, коршиносон бар ин назаранд, ки эълони ҳимояти чанд кишвар барои истиқлоли воқеӣ кофӣ нест. Тақсими роҳбарии фаластиниён миёни Ҳамос дар Ғазза ва Ташкилоти худгардон дар Каронаи Бохтарӣ монеи ваҳдати сиёсӣ ва таҳаққуқи амалии ин роҳи ҳал аст. Баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки ин нақша ҳанӯз метавонад ба пайдоиши роҳбарони миёнрави фаластинӣ ва таҳкими амнияти дарозмуддати Исроил кумак кунад.

Стивен Кук, коршиноси умури Ховари Миёна дар Шурои робитаҳои хориҷӣ бар ин бовар аст, ки ҳимояти ахири кишварҳо бештар ҷанбаи рамзӣ дорад ва инъикоси фишори дохилӣ бар зидди ҷанги Исроил аст, на тағйири воқеӣ барои фаластиниён.

Ҳатто агар Маҷмаи Умумии Созмони Милал аз кишвари Фаластин ҳимоят кунад, ба расмият шинохтани расмӣ ниёз ба тасдиқи Шурои Амният дорад, ки бо назардошти мухолифати кунунии Амрико ба назар ғайримумкин мерасад.

Кук мегӯяд, ҳарчанд дар сурати тағйири роҳбарии Амрико эҳтимоли тағйири мавқеъ вуҷуд дорад, дар ниҳоят “фарқе надорад, ки дигарон чӣ мекунанд, қудрат дар  дасти исроилиҳост. Ба расмият шинохтани ҳич кишвари хориҷӣ чашмандози ҳокимиятро тағйир нахоҳад дод, зеро тағйир бояд дар дохили ҷомеаи Исроил рух диҳад”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

25.09.2026 18:08

Зеленский барои дидор бо Путин омодагӣ нишон дод

Кремл аз даъвати Иёлоти Муттаҳида барои ҳузури Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар нишасти ояндаи Гурӯҳи 20 кишвари бузурги иқтисодӣ (G20) истиқбол кардааст. Ҳамзамон, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфтааст, ки барои мулоқот бо Путин дар ҳошияи ин нишаст омода аст.
25.09.2026 17:51

Украина ду асири ҷангии Кореяи Шимолиро ба Кореяи Ҷанубӣ интиқол додааст

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфтааст, Киев ду низомии Кореяи Шимолиро, ки дар ҷараёни ҷанги Русия ва Украина асир гирифта шуда буданд, ба Кореяи Ҷанубӣ интиқол додааст.
25.09.2026 17:21

Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Габон имзо шуд

Дар ҳошияи иҷлосияи 81-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Габон Мари-Эдит Тассила-Йе-Думбененӣ мулоқот намуд.
25.09.2026 15:19

Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд

Имрӯз, 25-уми сентябр дар ҳошияи ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи Парлумонии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар баргузор гардид.
25.09.2026 12:50

Даргирии шадид миёни неруҳои Толибон ва Покистон дар Қандаҳор

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон хабар додаанд, ки миёни ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии Толибон ва неруҳои Покистон дар ноҳияи Спин-Булдаки вилояти Қандаҳор, дар минтақаи хатти Девранд, даргирии шадид рух додааст.
25.09.2026 12:04

Як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст. Директори «Муҳандис-2014» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд

Бинобар иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон директори ҶДММ «Муҳандис-2014» Беҳзод Садуллоев, сокини 27-солаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.
25.09.2026 10:58

Масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар дидори Рухшона Насриддинзода ва Ли Нинпин матраҳ гардид

24-уми сентябр муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Насриддинзода бо муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси намояндагони халқии Вилояти Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Нинпин мулоқот намуд.
25.09.2026 10:56

Беш 100 эътирозгар ба зидди Нетаняҳу дар Ню-Йорк боздошт шуданд

Полиси Ню-Йорк беш аз 100 нафар аз эътирозгаронеро, ки ба суханронии Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид эътироз доштанд, боздошт кардааст.
25.09.2026 10:20

Ройтерз: Амрико ва Эрон дар ҳоли баррасии як роҳи марҳилавӣ барои поёни ҷанг ҳастанд

Музокиракунандагони амрикоӣ ва эронӣ дар Ню-Йорк дар ҳоли баррасии як масири марҳилавӣ барои поён додан ба ҷанг ҳастанд, ки бар асоси он, Эрон тангаи Ҳурмузро бозгушоӣ ва Амрико муҳосираи иқтисодӣ алайҳи Теҳронро лағв мекунад.