Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Аз ангуру тарбуз то асал. 950 тонна маҳсулоти кишоварзии Хатлон дар намоишгоҳи Қазоқистон
Аз 20-ум то 21-уми сентябр дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии вилояти Хатлон баргузор гардид. Ба гуфтаи масъулон, беш аз 950 тонна маҳсулоти мухталиф ба намоиш гузошта шуд, ки таваҷҷуҳи аксари сокинон ва меҳмонони шаҳрро ҷалб кард.
Дар гӯшаҳои мухталифи намоишгоҳ маҳсулоти тару тоза ва экологӣ, аз ҷумла тарбузу харбуза, ангурҳои гуногун, сабзаҷот, меваҷот, асал, ҳамчунин, навъҳои консерва ва меваи хушк ба намоиш ва фурӯш пешниҳод гардид. Маҳз ҳамин сифати баланд ва гуногунрангии маҳсулот боиси таваҷҷуҳи истеъмолкунандагони қазоқ гардид.
Мақомот мегӯянд, ки ин чорабинӣ на фақат як иқдоми фарҳангӣ ва иқтисодӣ, балки заминаи воқеӣ барои тақвияти робитаҳои тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва афзоиши гардиши савдои хориҷӣ дар миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон хоҳад шуд.
Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Хатлон дар ҳошияи намоишгоҳ бо Раиси вилояти Алмаато Марат Султонгазиев мулоқот кард. Ҷонибҳо роҳҳои рушди ҳамкорӣ дар бахши иқтисод, тиҷорат, илм, маориф ва тандурустиро баррасӣ намуда, ба таъсиси корхонаҳои муштарак аҳамияти хос доданд.
Ҳамчунин, Давлаталӣ Саид бо фаъолияти ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Fruit Art” ошно гардид. Корхонае, ки бо истифода аз технологияҳои олмонӣ ба коркарди мева машғул буда, дорои яхдонҳои 3000 тоннагӣ ва анбори муосири 15 ҳазор тоннагӣ аст. Дар ин муассиса 420 нафар ба таври доимӣ кор мекунанд. “Fruit Art” яке аз корхонаи бузургтарини ҷаҳонӣ дар бахши интиқоли мева дар яхдон ба ҳисоб меравад.
Таҳлилгарон бар инанд, ки чунин намоишгоҳҳо метавонад ба табдил додани Хатлон ба маркази муҳимми содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақа мусоидат кунад. Аз ҷониби дигар, Қазоқистон бо бозори васеи дохилӣ ва имкониятҳои логистикӣ шарики муҳим барои истеҳсолкунандагони тоҷик аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид