Барои паҳн накардани аксу навори бадномкунанда маблағи калон талаб намудааст. Ҷавонзане бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир шуд
Кореяи Шимолӣ аз анҷоми як размоиши мушакӣ хабар дод
Дастоварди назарраси ҳунармандони ҷавони Сирки давлатии Тоҷикистон аз Фестивали байналмилалии «Ҳунарманд»
Чин дар Тоҷикистон “телескоп”-и моҳвораии назорати замин месозад
Дарси зеҳни сунъӣ дар мактабҳо то кадом андоза натиҷабахш аст?
Дар доираи татбиқи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2025-2026 дар як қатор муассисаҳои таълимӣ дарси зеҳни сунъиро роҳандозӣ кардааст. Вобаста ба ин, Dialog.tj бо директори Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” Зафар Муродзода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, ки фишурдааш манзур мегардад.
- Дар соли таҳсили 2025-2026 дарси зеҳни сунъӣ дар мактабҳои Душанбе ба роҳ монда шуд. Бигӯед, ки дар чанд мактаб ин иқдом амалӣ мегардад ва муассисаҳои таълимӣ чӣ гуна интихоб шуданд?
- Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми сентябри соли 2022, №483 тасвиб гардидааст, дар ҳамбастагӣ бо Шӯрои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба роҳ мондани омӯзиши зеҳни сунъиро дар соли таҳсили 2025-2026 ба роҳ монд. Дарсҳои мазкур бо мақсади мутобиқсозии омӯзиши зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шуда, барои иҷрои банди 3.1.-и Нақшаи амали Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар марҳилаи якум (солҳои 2023-2025) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.01.2025 № 83) дар бораи «Ҷорӣ намудани фанни «Асосҳои зеҳни сунъӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Бояд гуфт, ки дар соли таҳсили 2024-2025 омӯзиши зеҳни сунъӣ ба таври озмоишӣ дар 18 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе оғоз ёфта буд. Аз моҳи сентябри соли 2025, шумораи муассисаҳои таълимии фарогири ин машғулиятҳо ба 60 адад дар шаҳри Душанбе ва 100 адад дар саросари кишвар расонида шуд.
Интихоби муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо назардошти омодагии инфрасохторӣ дар асоси ҳамоҳангии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо Шӯрои зеҳни сунъии Вазорати саноат ва технологияҳои нав сурат гирифт.
- Ҷиҳати ба роҳ мондани дарси зеҳни сунъӣ дар мактабҳо кадом корҳо амалӣ шуданд ва оё ҳоло дар ин масъала ягон мушкили вуҷуд надорад?
- Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани машғулиятҳои иловагӣ аз зеҳни сунъӣ гурӯҳи корӣ дар ҳайати намояндагон Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ва Шӯрои зеҳни сунъӣ ба муассисаҳои таълимӣ сафарбар шуда, бо роҳбарони онҳо вохӯрӣ намуданд. Ҳамин тавр, аз моҳи сентябри соли равон дар 60 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе машғулиятҳо вобаста ба асосҳои зеҳни сунъӣ оғоз гардид. Айни замон ягон мушкил мавҷуд набуда, машғулиятҳо тибқи нақша ҷараён доранд.
- Дар мактабҳо дарси зеҳни сунъӣ барои кадом синфҳо пешбинӣ шудааст ва ҳафтае чанд соат дарс муқаррар гардидааст?
- Машғулиятҳои зеҳни сунъӣ ҳамчун таълими иловагӣ берун аз соатҳои дарсӣ дар як ҳафта як маротиба баргузор гардида, дар он хонандагони синфҳои 10 ҷалб карда мешаванд.
- Масъалаи таъмини омӯзгорон барои ин фанни нав чӣ хел аст, онҳо барои гузаштани дарсҳо чӣ гуна интихоб шудаанд?
- Мутахассисон ҷиҳати омӯзонидани зеҳни сунъӣ аз ҷониби Шӯрои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, музди маоши онҳо низ аз ҷониби Шӯрои мазкур пардохт карда мешавад.
Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» бо ҳамоҳангии Шӯрои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд” (Smart city)-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барномаҳои намунавии машғулиятҳои иловагиро таҳия ва пешниҳод менамояд.
Инчунин, дар назди Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» мақсад гузошта шудааст, ки курсҳои омӯзиширо вобаста ба таълими зеҳни сунъӣ барои омӯзгорони фанни технологияҳои иттилоотӣ ҷиҳати таъмини кадрҳои омӯзгорӣ ташкил намояд. Омодасозии омӯзгорон дар ҳамкорӣ бо Шӯрои зеҳни сунъӣ сурат гирифта, дар оянда омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ низ ба ин раванд ҷалб хоҳанд шуд.
- Омӯзиши зеҳни сунъӣ барои хонандагон чӣ манфиати амалӣ ва таҳлилӣ дошта метавонад?
- Омӯзиши зеҳни сунъӣ ба хонандагон кумак мекунад, ки маҳорати автоматикунонӣ, таҳлили маълумотҳо ва моделсозиро аз худ кунанд. Бо истифода аз алгоритмҳо ва моделҳои омӯзиши мошинӣ, онҳо метавонанд масоили мураккабро, ба монанди оптимизатсия ва пешгӯии натиҷаҳо ҳал кунанд. Ин ҳамзамон, ба таҳлили дуруст ва хулосагирии самаранок, кам кардани хатоҳо ва таҳияи стратегиҳои беҳтарини амалӣ мусоидат мекунад, ки дар ҳаёти воқеӣ ва соҳаҳои гуногун муҳим аст.
Омӯзиши зеҳни сунъӣ имкон медиҳад, ки тафаккури таҳлилӣ ва қобилияти ҳалли масъалаҳои мураккаб дар вуҷуди хонандагон бедор гардад. Инчунин, дар ташаккули донишҳои ибтидоӣ, тақвияти малакаҳои рақамӣ, фаҳмиши алгоритмҳо, моделсозӣ ва кор бо иттилоот заминаи мувофиқ мегузорад.
- Ба роҳ мондани дарси зеҳни сунъӣ дар доираи татбиқи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 амалӣ шуда истодааст, тибқи нақша то кай дарси мазкур дар ҳамаи муассисаҳои таълимии пойтахт ҷорӣ мегардад?
- Дар Нақшаи амали Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар марҳилаи якум (солҳои 2023-2025) ҷори намудани омӯзиши зеҳни сунъӣ пешбинӣ гардида, машғулиятҳои кунунӣ бо мақсади иҷрои бандҳои марбутаи нақшаи мазкур амалӣ карда шуда истодааст. Ворид сохтани зеҳни сунъӣ дар маориф ва неруи инсонӣ дар Стратегияи мазкур аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки рушд ва истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ эътироф гардида, ҷиҳати рушди соҳа бархе тадбирҳо пешбинӣ карда шудаанд. Аз ҷумал, таъсиси кафедра ва факултетҳои зеҳни сунъӣ ҳадди ақал дар 7 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2026, ҷорӣ намудани фанни “Асосҳои зеҳни сунъӣ” дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва ғайра. Бинобар ин, тибқи нақша дарсҳои мазкур марҳила ба марҳила дар тамоми муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ, аз ҷумла муассисаҳои пойтахт ҷорӣ хоҳанд шуд.
- Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040 чӣ самтҳо ва ҳадафҳои асосиро дар бар мегирад?
- Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ба самтҳои асосии зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун равона шудааст, ки самтҳои асосии он аз бахшҳои зерин иборатанд:
- Зеҳни сунъӣ дар ҳушмандсозии минтақаҳо ва аҳолии онҳо.
- Зеҳни сунъӣ дар маориф ва неруи инсонӣ.
- Зеҳни сунъӣ дар татбиқи ҳукумати электронӣ.
- Самтҳои асосии истифодабарии технологияҳои зеҳни сунъӣ дар саноатикунонии босуръати кишвар.
Ҳадафҳои асосии стратегияи зеҳни сунъӣ бо ҷалби сармоягузорӣ, омодасозии мутахассисони соҳа ва беҳтар кардани шароити дигари инфрасохторӣ барои истифодабарии технологияҳои нав ва рақамӣ дар кишвар равона шудаанд.
- Аз ҷорӣ шудани дарси зеҳни сунъӣ дар мактабҳо чӣ интизориҳо метавон дошт?
- Ҷорӣ намудани машғулиятҳои зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои шинос намудани хонандагон бо технологияи муосир ёрӣ мерасонад ва имкон медиҳад, ки онҳо малакаҳои нави креативӣ ва таҳлилиро омӯзанд ва барои бахшҳои гуногуни ҳаёт, аз ҷумла илм, тиҷорат ва муҳандисӣ омода шаванд.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Хатти хабарҳо
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
Тоҷикистон ва БАТР нақшаи ҳамкории то соли 2030-ро имзо карданд
Осиёи Марказӣ ба майдони нави рақобати ҳуши маснуъӣ табдил мешавад
Дар Тулаи Русия имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон ба намоиш гузошта шуд