Ҳимояти Бритониё аз режими Исроил дар Маҷмаи Умумӣ
Иддаои Уиткофф: “ИМА ва Эрон тавассути миёнаравҳо музокироти тӯлонӣ анҷом доданд”
Трамп иддао кард, ки ҳайати амрикоӣ бо ҳайати эронӣ се соат гуфтугӯ кард
Эрдуғон мегӯяд ҳаққи вето дар Шурои амнияти СММ лағв шавад
Кишварҳои арабӣ аз нақшаи сулҳи Трамп истиқбол карданд
Шурои вазирони корҳои хориҷии як қатор кишварҳои арабӣ ва исломӣ дар изҳороти муштарак аз ташаббуси Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп барои хотима додан ба ҷанги Ғазза истиқбол карданд.
Вазирони корҳои хориҷии Саудӣ, Урдун, Иморот, Миср, Қатар ва чанд кишвари дигар дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк изҳорот нашр карданд. Дар он, аз ҷумла чунин гуфта мешавад: “Мо аз талошҳои содиқонаи Трамп барои поён додан ба ҷанги Ғазза истиқбол мекунем ва ба тавони ӯ барои пайдо кардани роҳи сулҳ эътимод дорем”.
Ин кишварҳо таъкид кардаанд, ки “шарикӣ бо Вашингтон барои таҳкими сулҳ” аҳамияти хос дорад. Дар ин изҳорот ҳамчунин, ба ваъдаи Трамп дар хусуси бозсозии Ғазза ва пешгирӣ кардани гурезаҳои фаластинӣ истиқбол кардаанд.
Ташкилоти худгардони Фаластин низ бо нашри изҳорот гуфт, ки аз нақшаи сулҳи Доналд Трамп ҳимоят мекунад ва онро як роҳи эҳтимолӣ барои дастёбӣ ба сулҳи пойдор донист.
Дар изҳорот зикр мешавад, ҳар гуна созиши фарогир бояд ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Ғазза ва озодии асирони исроиливу фаластинӣ ва ҳамчунин, ҳифзи амнияти шаҳрвандони Фаластинро таъмин кунад.
Ин ташкилот аз Исроил хост, амалҳои якҷониба, аз ҷумла ишғоли заминҳои ишғолшуда, кӯчондани фаластиниён ва нақзи қонунҳои байналмилалиро қатъ кунад. Дар изҳорот ҳамчунин, оид ба уҳдадориҳои роҳбарияти фаластинӣ ба доир кардани ислоҳот, аз ҷумла интихоботи президентӣ ва парлумонӣ дар давоми як сол баъд аз анҷоми ҷанг ёдовар шудааст.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Президенти Ҷумҳурии Туркия низ бо нашри изҳорот гуфт: “Ман талошҳо ва роҳбарии Трампро барои қатъи хунрезӣ дар Ғазза ва расидан ба оташбас қадрдонӣ мекунам”. Ӯ таъкид кард, ки Туркия ба талошҳои худ барои сулҳи одилона ва пойдор, ки мавриди қабули ҳама ҷонибҳо аст, идома хоҳад дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ню-Йорк таймз” дурӯғҳои Трамп дар бораи нафт, Венесуэла ва Ғазза дар СММ-ро фош кард
Мунтахаби футболи Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку бозии дӯстона анҷом медиҳанд