7 Октябр 2026,
чоршанбе, 17:40, Душанбе
29.07.2025 07:48

Ҳар сол 15 миллион сомонӣ. Гранти президентӣ барои занони соҳибкор се баробар зиёд шуд

Аз соли 2025 то соли 2030 ҳар сол ба андозаи 15 миллион сомонӣ барои ташкили 200 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон равона мегардад, ҷудо карда мешавад.

Дар ин маврид аз 28-уми июли соли 2025 таҳти №420 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Тибқи қарори мазкур, ҳар сол 25 грант ба андозаи 110 ҳазор сомонӣ, 25 грант ба андозаи 100 ҳазор сомонӣ, 25 грант ба андозаи 90 ҳазор сомонӣ, 25 грант ба андозаи 80 ҳазор сомонӣ, 25 грант ба андозаи 70 ҳазор сомонӣ, 25 грант ба андозаи 60 ҳазор сомонӣ, 25 грант ба андозаи 50 ҳазор сомонӣ ва 25 грант ба андозаи 40 ҳазор сомонӣ барои рушди соҳибкории занон пешбинӣ мегардад.

Бо дастури бевоситаи Сарвари давлат, грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 120 грант ба маблағи 5 миллион сомонӣ дар соли 2024 ба 200 грант ба андозаи 15 миллион сомонӣ дар соли 2025 расонида шуданд, яъне ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд карда шуд.

Ҳангоми ҷудо намудани лоиҳаҳои грантӣ ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ, занони дорои имконияташон маҳдуд (онҳое, ки аз уҳдаи татбиқи лоиҳа мебароянд) ё барои таъмини шуғлнокии чунин занон равонашуда, занони кӯдаки маъюбдошта, инчунин лоиҳаҳои инноватсионӣ ва рушди соҳаи касбу ҳунарҳои миллӣ афзалият дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки гранти президентӣ барои рушди соҳибкории занон аз соли 2006 то инҷониб дар ҳаҷми 30 миллион сомонӣ ба 1 ҳазору 185 нафар зан ҷудо гардида, ба рушди иқтисодии оилаҳо ва фаъолияти соҳибкории онҳо мусоидат намудааст.

Бояд гуфт, ки гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароит барои амалӣ намудани ҳуқуқ, имкониятҳои иқтисодии занон, таъмини иштироки баробари онҳо дар ҳаёти ҷомеа, баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии занон дар бозори меҳнат, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба шуғл ва касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарон, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон амалӣ мегардад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

07.10.2026 17:20

Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея мулоқот намуд

7-уми октябр вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо директори иҷроияи Департаменти барномаи роҳбарони ҷаҳонии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) Ким Ён Ран вохӯрӣ намуд.
07.10.2026 16:19

Дастоварди табибони тоҷик: Аввалин бор дар кишвар ба як бемор рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд

Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо аввалин маротиба дар кишвар ба як бемор, ки бо аневризмаи қисми камонак ва шоҳраги поёнраванда ба ин муассиса муроҷиат намуд, стент-графт дар шоҳраги қафаси сина гузошта шуд.
07.10.2026 12:04

Лавров: “Ихтилофи Толибон ва Покистон монеи ба даст омадани санади ниҳоии “Формати Маскав шуд”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, мегӯяд, ихтилофот миёни Толибон (гурӯҳи террористӣ) ва Покистон боис шуд, ки нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон натавонад ба санади ниҳоӣ даст ёбад.
07.10.2026 09:13

Месси: “Мехостам, то охири умр дар ҳайати мунтахаб бозӣ кунам”

Субҳи имрӯз, 7-уми октябр мунтахаби Аргентина бо тими миллии Бенин рақобат кард ва бозии мазкур бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи аргентиниҳо ба анҷом расид. Дар ҳар се гол Месси саҳм дорад, яъне як гол ба самар расониду ду паси головар дод.
06.10.2026 18:38

Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ҳушдор дод, ки ҷанги алайҳи Эрон барои иқтисоди ҷаҳон паёмадҳои манфӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, даргирии вобаста ба Эрон ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири “бисёр манфӣ” мерасонад.
06.10.2026 18:33

Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд

Эътирозҳои мардумӣ дар Фаронса, ки ду ҳафта пеш аз атрофи Париж оғоз шуда буданд, ба дигар минтақаҳои кишвар низ паҳн шудаанд. Дар ҷараёни ин эътирозҳо миёни полис ва шаҳрвандон бархӯрдҳои хушунатомез ба қайд гирифта шудааст.