4 Октябр 2026,
якшанбе, 08:11, Душанбе
30.09.2025 17:23

Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу аз Қатар узрхоҳӣ кард

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил барои ҳамла ба Қатар узр хост, ки аз назари таҳлилгарон “узри маҷбурӣ” хонда мешавад. Ин сеюмин узрхоҳӣ дар таърихи сиёсии ӯ аст.

Бино ба иттилои расонаҳо, узри сарвазир Бенямин Нетаняҳу ба ҳамтои қатарии худ Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад Оли Сонӣ бо ташаббуси Доналд Трамп, Президенти Амрико сурат гирифт.

Ҳамлаи Исроил ба Қатар дар замоне сурат гирифта буд, ки роҳбарони Ҳамос пешниҳоди Трамп дар хусуси хотима додан ба ҷанг дар Ғаззаро баррасӣ мекарданд.

Масъулони қатарӣ гуфтаанд, ки шарт барои идомаи миёнравии худ дар гуфтугӯҳо узри сарвазир Бенямин Нетаняҳу буд. “Ал-Ҷазира” иттилоъ дод, ки Бенямин Нетаняҳу ҳукумати худро пеш аз узрхоҳӣ огоҳ намудааст.

Воил Ал-Амрӣ, раиси дафтари Ал-Ҷазира дар Рамалла ин узрро ба ҳайси воқеаи бузург ва истисноӣ арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки ин узрхоҳӣ ҳамчун кафолат барои ҳамла накардани дубора анҷом дода шуд ва мувофиқ бо банди нақшаи Доналд Трамп барои қатъи ҷанги Ғазза аст.

Ҷаноби Соҳиб Ал-Оса, хабарнигори “Ал-Ҷазира” гуфт, ки интизор меравад, узри “истисноӣ” роҳи бозгашти миёнравии Қатарро дар музокироти сулҳ дар Ғазза ҳамвор кунад.

Ин сеюмин узри Бенямин Нетаняҳу дар таърихи сиёсии ӯ аст. Қаблан, ӯ аз Ҳусайн ибни Талол, подшоҳи Урдун ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Президенти Туркия узрхоҳӣ карда буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо