“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд
Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
“Исроил Ҳайом”: Низоми Эрон қавитар аз он аст, ки ба назар мерасад
Рӯзномаи ибрии “Исроил Ҳайом” (“Israel Hayom”) бо ишора ба ҷанги 12 – рӯза эътироф кард, ки Ҷумҳурии Исломӣ аз қудрати низомии бештаре бархӯрдор аст, нисбат ба он чи ки аксаран тасаввур мешавад.
“Исроил Ҳайом” навишт, ки эрониҳо фақат дар тӯли 24 соат баъд аз ҳамлаи низомии Исроил тавонистанд масъулони нав таъйин кунанд ва идораи умурро ба дасти худ гиранд. Ба навиштаи нашрия, онҳо худро пирӯз эҳсос мекунанд ва набояд ин эҳсос нодида гирифта шавад.
Дар идома таъкид шудааст, ки Теҳрон пайваста ба тақвияти тавоноиҳои низомии худ машғул аст ва махсусан ба рушди системаҳои мушакии худ аҳамияти бештар медиҳад. Ҳар рӯз гузоришҳое дар хусуси озмоишҳои мушакӣ ва мавқегирии мақомоти эронӣ дар робита ба такмили ин системаҳо нашр мешавад.
Рӯзнома ҳамчунин, менависад, ки Эрон бо кумаки Русия ва Чин дар ҷустуҷӯи таҳкими пӯшиши дифои ҳавоии худ аст. Аз ин рӯ, агар ин бор Тел-Авив иқдоме бар зидди Теҳрон анҷом диҳад, эрониҳо дигар ғофилгир нахоҳанд шуд.
Ба навиштаи “Исроил Ҳайом”, бо таваҷҷуҳ ба он ки Вашингтон, бахусус дар даври ҳукумати Трамп, машғули масъалаҳои дигар, монанди ҷанги Украина ва таҳаввулоти Венесуэла аст, сатҳи пуштибонии Амрико аз Исроил дар даври ояндаи ҷанг номаълум боқӣ мемонад.
Рӯзнома меафзояд, ки агар ҷанги фарсоянда рух диҳад, Исроил бештар аз Эрон зиён хоҳад дид, зеро Эрон ҳам аз ҷиҳати географӣ васеътар аст ва ҳам аз таҷрибаи низомии бештар бархӯрдор мебошад. Хулосаи матлаби “Исроил Ҳайом” чунин аст: “Агар Исроил бояд дарсе гирифта бошад, он ин аст, низоми Эрон қавитар аз он аст, ки ба назар мерасад ва ҷойгузини боэътимод барои он вуҷуд надорад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид