«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Баррасии рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии касбӣ бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи маориф
Дар ноҳияи Файзобод бинои Шуъбаи маорифи ноҳияро, ки ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз 30 сентябри соли 2025мавриди истифода қарор доданд.
Барои бунёди бинои шуъбаи маорифи ноҳия Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 сентябри соли 2019 санги асоси гузошта буданд.
Бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод аз се ошёна иборат буда, дорои 15 ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Маҷлисгоҳ 100 ҷойи нишаст дошта, дар он барои баргузории чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҳоло дар ноҳияи Файзобод 68 муассисаи таълимӣ, 1 гимназияи хусусӣ ва 4 кӯдакистон бо фарогирии зиёда аз 30 ҳазор хонанда фаъолият доранд.
Қариб 50 фисади кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Файзободро занон ташкил медиҳанд. Соли равон 22 нафар тибқи квотаи президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шуданд, ки 12 нафарашон духтарон мебошанд.
Дар маҷмуъ давоми солҳои охир 305 духтари ноҳия тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии таълимӣ дохил шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад


