3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:00, Душанбе
27.09.2025 08:03

Русия дар Эрон неругоҳи хурди атомӣ месозад

Алексей Лихачев, Раиси ширкати давлатии “Русатом” гуфт, ки ҳамкориҳояшон бо Эрон дар соҳаи энергетикаи атомиро густариш медиҳанд.

Ӯ дар нишасти байналмилалии “Атомӣ” дар шаҳри Маскав гуфт, ширкати Русатом ба бунёди дуюм ва сеюми неругоҳи атомии Бушеҳр идома медиҳад ва ҳамзамон ҳамкорӣ бо Эрон дар заминаи технологияҳои сулҳомези атомиро пеш мебарад.

Ӯ ба имзо шудани Ёддошти тафоҳуми миёни Эрон ва “Русатом” дар хусуси бунёд кардани неругоҳи хурди атомӣ дар Эрон ишора карда, афзуд, ки рӯзи чоршанбе, 24-уми сетнябр дар шаҳри Маскав ин тафоҳумнома ба имзо расидааст. Ин тафоҳумнома чорчӯби ҳамкорӣ дар ин лоиҳаи стратегиро мушаххас мекунад.

Алексей Лихачев дар бахши дигари изҳороти худ гуфт, ки гурӯҳи БРИКС қалби низоми ҷаҳонии чандқутӣ аст ва клуби атомии БРИКС, ки аз соли 2024 таъсис ёфтааст, ояндаи дурахшон дорад.

Ӯ таъкид намуд, ки дар ин ҷараён раисони ширкат ва ташкилотҳои бузурги соҳаи атомӣ аз кишварҳои узви БРИКС ва БРИКС Плюс, аз ҷумла Русия, Эрон, Бразилия, Чин, Эфиопия, Африқои Ҷанубӣ ва Боливия аввалин нишасти худро доир намуданд. Ҳадафи асосии ин созмон рушди беҳтарин таҷриба ва роҳҳои пешрафти истифодаи технологияҳои атомӣ барои манфиатҳои сулҳомез ва рушди моделҳои татбиқи лоиҳаҳо дар кишварҳои узв мебошад.

Алексей Лихачев гуфт, ки ин ҷамоа намояндагони давлатҳоро дар бар намегирад, балки аз ширкатҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо иборат мебошад.

Иҷлоси Форуми байналмилалии атомӣ “Global Atomic Forum” дар доираи ҳафтаи ҷаҳонии атомӣ дар маҷмааи фарҳангӣ ва намоишгоҳи “ВДНХ” дар шаҳри Маскав доир гардид. Дар ин нишаст президенти Русия Владимир Путин ва раисони ҳайатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Муҳаммад Исломӣ, муовини Президенти Эрон ва раиси Созмони энергеияи атомии Эрон, ҳамчунин, Александр Лукашенко, Президенти Беларусия, Никол Пашинян, сарвазири Арманистон ва дигар роҳбарони байналмилалӣ ширкат доштанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.