7 Октябр 2026,
чоршанбе, 18:26, Душанбе
16.06.2025 08:47

Чоршанбе Аловатов ба хоҳишмандон сурудхониро меомӯзонад

Чоршанбе Аловатов, ҳунарманди соҳибистеъдоди тоҷик дар саҳифаи инстаграмаш хабар дод, ки ният дорад ба хоҳишмандон сурудхониро омӯзонад.

Аловатов дар навори нашркардааш мегӯяд, ки солҳои зиёд як орзу дошт. Орзуи ба дигарон кумак кардан, орзуи ба хоҳишмандон сарояндагиро омӯзондан. Ӯ меафзояд, ки мехоҳад, таҷрибаи зиёда аз 15-солашро ба хоҳишмандону дӯстдорони санъат тақсим намояд.

“Ман барои шумо як хоначае сохтам, ки дар он меҳр аст, муҳаббат аст, мусиқӣ аст. Ин хонача “Alovatov music academy” ном дорад ва дар ин ҷо ба шумо тарзи суруд хондан ва навохтани асбобҳои мусиқиро меомӯзонам”, - мегӯяд сароянда.

Чоршанбе Аловатов аз ҷумлаи санъаткорони номдори тоҷик аст, ки дар чандин озмунҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Ӯ дар санъат на ҳамчун ҳаваскор, балки ба ҳайси як ҳунарманди дилбохтаву дилсупурда ҷойгоҳи худро ёфтааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

07.10.2026 17:20

Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея мулоқот намуд

7-уми октябр вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо директори иҷроияи Департаменти барномаи роҳбарони ҷаҳонии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) Ким Ён Ран вохӯрӣ намуд.
07.10.2026 16:19

Дастоварди табибони тоҷик: Аввалин бор дар кишвар ба як бемор рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд

Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо аввалин маротиба дар кишвар ба як бемор, ки бо аневризмаи қисми камонак ва шоҳраги поёнраванда ба ин муассиса муроҷиат намуд, стент-графт дар шоҳраги қафаси сина гузошта шуд.
07.10.2026 12:04

Лавров: “Ихтилофи Толибон ва Покистон монеи ба даст омадани санади ниҳоии “Формати Маскав шуд”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, мегӯяд, ихтилофот миёни Толибон (гурӯҳи террористӣ) ва Покистон боис шуд, ки нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон натавонад ба санади ниҳоӣ даст ёбад.
07.10.2026 09:13

Месси: “Мехостам, то охири умр дар ҳайати мунтахаб бозӣ кунам”

Субҳи имрӯз, 7-уми октябр мунтахаби Аргентина бо тими миллии Бенин рақобат кард ва бозии мазкур бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи аргентиниҳо ба анҷом расид. Дар ҳар се гол Месси саҳм дорад, яъне як гол ба самар расониду ду паси головар дод.
06.10.2026 18:38

Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ҳушдор дод, ки ҷанги алайҳи Эрон барои иқтисоди ҷаҳон паёмадҳои манфӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, даргирии вобаста ба Эрон ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири “бисёр манфӣ” мерасонад.
06.10.2026 18:33

Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд

Эътирозҳои мардумӣ дар Фаронса, ки ду ҳафта пеш аз атрофи Париж оғоз шуда буданд, ба дигар минтақаҳои кишвар низ паҳн шудаанд. Дар ҷараёни ин эътирозҳо миёни полис ва шаҳрвандон бархӯрдҳои хушунатомез ба қайд гирифта шудааст.