31 Октябр 2026,
шанбе, 09:27, Душанбе
31.10.2026 07:49

Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи як барномаи муштараки минтақавии мубориза бо паёмадҳои тағйирёбии иқлим беш аз 72 миллион евро дарёфт хоҳад кард.

Ин маблағ барои барқарор сохтани ҷангалу чарогоҳҳо, истифодаи сарфакоронаи об ва дастгирии кишоварзон равона хоҳад шуд.

Барномаи “Манзараҳои ба иқлим устувор дар Осиёи Марказӣ” (CLiCA) Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро фаро мегирад. Арзиши умумии он 264,4 миллион евро буда, тасдиқи барнома дар ҷаласаи шурои Фонди иқлимии сабз, ки рӯзҳои 26 -29 октябр дар Кореяи Ҷанубӣ доир шуд, сурат гирифтааст.

Бар асоси гузориши расонаҳои Тоҷикистон аз маблағи барои Тоҷикистон пешбинишуда 35, 09 миллион евро гранти Фонди иқлими сабз ва 2,48 миллион евро кумаки грантии ҳукумати Олмон аст. Ҳамчунин, гирифтани 30 миллион евро қарз аз Бонки сармоягузории Аврупо пешбинӣ шудааст, вале ин маблағ ҳанӯз ниёз ба созишҳои иловагӣ дорад.

Ҳукумати Тоҷикистон низ дар татбиқи барнома ба маблағи 4,68 миллион евро саҳми ғайринақдӣ мегузорад.

Қисми асосии маблағ барои барқарор кардани ҷангалҳо ва чарогоҳҳои харобшуда, ҷорӣ намудани технологияҳои сарфаи об ва парвариши зироатҳои ба тағйирёбии иқлим тобовар истифода мешавад. Ҳамчунин, беҳтар кардани боғдорӣ, барқарорсозии ҳосилхезии хок ва дастгирии молиявии деҳқонон аз ҳадафҳои барнома мебошанд.

Татбиқи барномаро Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории назди Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмони GIZ ва шарикони дигар ба уҳда мегиранд.

Аз кишварҳои ширкаткунандаи барнома маблағи бештар ба Ӯзбекистон – 103, 75 миллион евро пешбинӣ шудааст. Барои Қирғизистон 74, 49 миллион евро ҷудо мешавад. Тақрибан 13,89 миллион еврои дигар барои чорабиниҳои муштараки минтақавӣ ва хароҷоти умумӣ пешбинӣ шудааст.

Ин барнома барои 7 сол барномарезӣ шудааст. Интизор меравад, ки он ба коҳиши осебпазирии минтақаҳои кишоварзӣ аз тағйирёбии иқлим ва беҳтар кардани идоракунии захираҳои табиӣ мусоидат менамояд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

31.10.2026 09:14

Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”

Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки дар сурати оғози ҷанг миёни Русия ва кишварҳои Аврупо ҳеч ҷонибе ғолиб нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, Маскав қасди ҳамла ба Аврупоро надорад, вале барои ҳама гуна таҳаввулот омода аст.
31.10.2026 07:58

Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин, дар хусуси вазъи кунунии муносибатҳо ва имкониятҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ табодули назар намуданд.
30.10.2026 17:44

Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод

Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон мегӯяд, ки муноқишаи Эрон ва ИМА роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, идомаи даргириҳо то кунун ба Аврупо беш аз 100 миллиард евро зарар расонидааст.
30.10.2026 13:10

Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
30.10.2026 12:41

Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад

29-уми октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
30.10.2026 08:25

Ҷон Керрӣ: “Трамп бар асоси фарзияҳои ғалат ба Эрон ҳамла кард”

Вазири пешини корҳои хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ гуфтааст, ки Доналд Трамп бо такя ба фарзияҳои нодуруст амалиёти низомӣ алайҳи Эронро оғоз карда, худро дар мавқеи бисёр номусоид барои музокирот қарор додааст.
30.10.2026 08:17

Узви НАТО ба Украина ҷангандаҳои низомӣ медиҳад

Полша дар доираи як бастаи кумаки низомӣ ба арзиши тақрибан 50 миллион евро ду ҳавопаймои ҷангии МиГ-29-ро ба Украина интиқол медиҳад. Ин баста ҳамчунин, муҳимоти тӯпхонаӣ, лавозимоти ҷангии ҷангандаҳои F-16 ва мушакҳои низоми дифои ҳавоиро дар бар мегирад.
29.10.2026 14:50

Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Имрӯз, 29-уми октябр дар толори бинои Парламенти Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.