Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Бабри барфии аз Тоҷикистон, ки дар мамнуъгоҳи Русия аст, сеюмин бор таваллуд кард
Дар мамнуъгоҳи Саяно – Шушенскийи вилояти Красноярскийи Федератсияи Русия бабри барфие, ки аз Тоҷикистон бурда шуда буд, сеюмин фарзанд ба дунё овард. Дар ин бора дафтари матбуоти мамнуъгоҳи Саяно - Шушенский хабар додааст.
“Ҷуфти мода дар охири моҳи май ва аввали июн таваллуд кард. Дар давраи тобистон аломатҳои бордоршавӣ мушоҳида шуд. Баъдан тахминҳои мо тасдиқ шуданд ва ҷуфти мода ду гурбача таваллуд кард” – гуфт, ходими илмии мамнуъгоҳ Роман Афанасев.
Гуфта мешавад, ки ин сеюмин фарзанди ҷуфти модаи бабри барфиест, ки аз Тоҷикистон ба мамнуъгоҳ оварда шудааст. Ин бабри барфӣ аввалин насли худ - ду гурбачаро дар соли 2020 таваллуд кард. Дар соли 2022 бошад, се гурбача, ду нар ва як мода таваллуд карда буд. Аввалин бор ин бабри барфӣ дар соли 2020 таваллуд кард, баъд дар соли 2022 ва ҳоло севумин бор аст, ки таваллуд мекунад.
“Бабри барфӣ бо гурбачаҳо асосан дар субҳу шом ба гардиш мебарояд. Гурбачаҳои ҷавони бабри барфӣ чолок ва бисёр эҳтиёткоранд ва ин нишон медиҳад, ки аз ҳаракатҳои модари худ пайравӣ мекунанд” – таъкид мекунанд кормандони мамнуъгоҳ.
Бояд ёдовар шавем, ки мамнуъгоҳи Саяно - Шушенский дар вилояти Красноярский макони таърихии зиндагии ҳайвоноти нодир, аз ҷумла бабри барфӣ мебошад. То соли 2017 бабри барфӣ дар ин мануъгоҳ вуҷуд надошт.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст