Самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва UNCCD муҳокима шуданд
Корти сурх сабаб шуд. Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Тайланд шикаст хӯрд
Се рӯз дар Душанбе истифодаи дрон манъ шуд
Дар Тоҷикистон партови гази карбон 14,2 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон партови гази карбон 14,2 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон партовҳои гази карбон 14,2 фоиз афзоиш ёфтааст. Бар асоси ин нишондиҳанда, дар даҳ соли охир, ба ҳисоби миёна, дар ҳар сол 8,6 фоиз партови гази карбон афзоиш ёфтааст.
Дар ин хусус ширкати энергетикии итолиёвии “Eni Energy Review” дар гузориши худ хабар дода, зикр кард, ки ҳаҷми партовҳои гази карбон дар Тоҷикистон аз 4,2 миллион тонна дар соли 2015 то 8,9 миллион тонна дар соли 2024 расидааст. Ҳарчанд ин ширкат суръати афзоиши партовҳоро дар соли 2025 14,2 дарсад арзёбӣ кардааст, ҳаҷми умумии онҳо бо тонна дар гузориш нишон дода нашудааст.
Омори ин ширкат нишон медиҳад, ки ҳаҷми партовҳои гази карбон дар Тоҷикистон дар соли 2019 ба 6,9 миллион тонна расида буданд. Ин рақам дар соли 2020 то 7,3 миллион тонна ва дар соли 2021 то 7,4 миллион тонна афзоиш ёфт. Тамоюли болоравӣ дар солҳои баъдӣ низ идома карда, ҳаҷми партовҳо дар соли 2022 ба 7,6 миллион тонна, дар соли 2023 ба 7,8 миллион тонна ва дар соли 2024 ба 8,9 миллион тонна расид.
Дар муқоиса бо Тоҷикистон, дар соли 2025 афзоиши партовҳои гази карбон дар минтақаи Русия ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ 3,1 дарсадро ташкил додааст. Суръати миёнаи солонаи афзоиш дар ин минтақа дар давраи солҳои 2015–2025 ба 1,8 дарсад баробар будааст.
Тибқи хулосаи гузориши ин ширкат, ҳаҷми умумии партовҳои гази карбон дар Русия ва Осиёи Марказӣ аз 1 миллиарду 941 миллион тонна дар соли 2015 то 2 миллиарду 276 миллион тонна дар соли 2024 афзоиш ёфтааст.
Гузориши мазкур ҳамчунин, аз афзоиши шумораи аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад. Тибқи ҳисобҳои гузориш аҳолӣ дар соли 2025 ба 10,8 миллион нафар расидааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 1,8 дарсад зиёд мебошад. Суръати миёнаи солонаи афзоиши аҳолӣ дар давраи солҳои 2015–2025 ба 2,2 дарсад баробар шудааст.
Омори ширкат нишон медиҳад, ки шумораи аҳолии Тоҷикистон дар соли 2015 тақрибан 8,6 миллион нафар буд. Ин рақам дар соли 2019 ба 9,5 миллион, соли 2021 ба 10 миллион ва соли 2024 ба 10,6 миллион нафар расидааст. Гузориши “World Energy Review 2026-и Eni” вазъи энергетикаи ҷаҳон ва нишондиҳандаҳои марбут ба истеҳсолу истеъмоли энергия, партовҳои газҳои гулхонаӣ ва тағйироти демографиро дар кишварҳои гуногун таҳлил мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ёсин Зиё ба Ҳайбатуллоҳ: “Мо барои курсӣ намеҷангем, барои озодӣ меҷангем”
Трамп ба Эрон ҳушдор дод: “Ҳамла ба Вашингтон бо паёмадҳои бесобиқа рӯбарӯ хоҳад шуд”
Талаби 55 сол ҳабс: Ҷузъиёти парвандаи Мансур Манучеҳрӣ аз сӯи Вазорати адлияи Амрико нашр шуд
Муовини вазири дифои Русия аз Пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон боздид кард