Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Агентии обуҳавошиносӣ бо як ширкати ҷопонӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонд
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки миёни Тоҷикистон ва ва Ҷопон Ёддошти тафоҳум дар соҳаи мониторинги пиряхҳо, газҳои гулхонаӣ ва сифати ҳаво ба имзо расид.
Тавре ки манбаъ меафзояд, дар ҳошияи Конфронси 30-юми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР-30), дар шаҳри Белени Бразилия миёни Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати ҷопонии «ArkEdge Space Inc» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
“Чорабинии мазкур як қадами муҳим дар густариши ҳамкорӣ дар самти таҳкими иқтидор, санҷиши фосилавии пиряхҳо (дистансионӣ), мониторинги тағйирёбии иқлим, газҳои гулхонаӣ ва сифати ҳавои атмосферӣ ба ҳисоб меравад, ки барои баланд бардоштани устувории иқлимӣ ва иқтидори илмӣ аҳаммияти калонро дорост”, - зикр мегардад дар иттилоия.
Ҳамчунин, вохӯрии директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло бо муовини вазири масъалаҳои глобалии муҳити зисти Ҷумҳурии Ҷопон Кентаро Дои доир шуда, дар он тарафҳо омодагии хешро барои пешбурди корҳои муштараки илмӣ, иштирок дар конфронсҳои байналмилалӣ ва баррасии имкониятҳои ҷалби маблағгузории шарикони байналмилалӣ изҳор намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод