Тими футболи Тоҷикистон барои ба даст овардани Ҷоми шоҳ бо тими Тайланд рақобат мекунад
Тоҷикистону Қазоқистон ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи муҳити зистро муҳокима карданд
Мақомот дар чор рӯз 159 ҳолати ғайриқонунӣ машғул шудан ба мусофиркашониро ошкор кард
Вазорати мудофиа: “Нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро шуд”
Тоҷикистон барои иҷрои нақшаҳои иқлимӣ то ба 22,5 миллиард доллар ниёз дорад
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати дарёфт кардани маблағ ва технологияҳои байналмилалӣ метавонад ҳаҷми коҳиши партови газҳои карбонро то соли 2035 аз 15 то 40 фоиз расонад. Ин нишондиҳанда дар муқосиа бо сатҳи соли 1990 ҳисоб шудааст.
Бар асоси саҳми миллии таҷдидшудаи Тоҷикистон дар доираи Созишномаи Париж кишвар ният дорад, то соли 2030 партовҳои газҳои гулхонаиро 10 дарсад ва то соли 2035 15 дарсад коҳиш диҳад. Дар сурати гирифтани кумаки молиявӣ ва техникӣ ин ҳадафҳо метавонанд мутаносибан ба 25 ва 40 дарсад расанд.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ин нишондиҳандаҳоро зимни муаррифии барномаи минтақавии “CLiCA” дар ҳошияи Конфронси 31-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) эълон кардааст.
Барои иҷрои нақшаҳои иқлимии кишвар дар солҳои 2026–2035 вобаста ба сенарияи татбиқ, аз 20 то 22,5 миллиард доллар зарур аст. Ин маблағ аз сарчашмаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла грантҳо, қарзҳои имтиёзнок, сармоягузорӣ ва интиқоли технологияҳо таъмин карда мешавад.
Барномаи “CLiCA” бо иштироки Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон амалӣ мешавад. Ҳадафи он барқарор кардани заминҳои харобшуда, беҳтар кардани идоракунии захираҳои об ва тақвияти устувории ҷомеаҳои маҳаллӣ дар баробари тағйирёбии иқлим мебошад.
Се кишвар ду самти асосии ҳамкориҳоро муайян кардаанд. Самти аввал ҷалби сармоягузорӣ барои барқарорсозии экосистемаҳо ва беҳтар кардани идоракунии обро дарбар мегирад. Самти дуюм таъсиси низоми муштараки назорат барои арзёбии таъсири ин тадбирҳо ба муҳити зист ва зиндагии аҳолӣ мебошад.
Тоҷикистон аз кишварҳои осебпазири Осиёи Марказӣ дар баробари тағйирёбии иқлим ба ҳисоб меравад. Обшавии пиряхҳо, тағйирёбии захираҳои об ва афзоиши хатари хушксолӣ, обхезӣ ва ярч аз мушкилоти асосии экологии кишвар мебошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Покистон кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳамкориҳои бузурги иқтисодӣ даъват кард
“Артиши Афғонистон об шуд”. Ҷо Байден пас аз 5 сол аз қарори хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар китоби нави худ ҳимоят кард
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо рушди роҳи Транскаспий ва ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ намуданд
Занони Афғонистон дар зери сояи тарс аз Толибон “кошонаи ҳусн ва мактабҳои пинҳонӣ” мекушоянд