Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
То 18 ҳазор сомонӣ. Ғолибони озмуни «Беҳтарин ролики тарбиявӣ» маълум шуданд
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин ролики тарбиявӣ» ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон хабар дод.
Чанде пеш Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин ролики тарбиявӣ» эълон карда буд, ки блогерон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар доири он наворҳои тарбиявӣ таҳия намуда буданд.
Манбаъ иттилоъ медиҳад, ҳайати комиссияи озмун аз байни 65 навори тарбияве, ки дар се номинатсия пешниҳод шуда буданд, ғолибон муайян шуданд.
Ҳамин тавр, дар номинатсияи «Болобурди эҳсоси ватандӯстӣ ва муҳаббат ба сарзамин» Мирзошарифов Насимҷон ҷойи якум, Одинаев Фатҳиддин ҷойи дуюм ва Ҳисайнов Муҳаммад сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дар номинатсияи «Тарбияи дурусти насли наврас» бошад, ҷойи якум Шарипов Дилшод, ҷойи дуюм Каримов Маҳмадалӣ ва Шуҳратзода Омина ва ҷойи сеюм Шукуров Саид дониста шуданд.
Ғолибони номинатсияи «Фарҳанги тозагӣ ва ҳифзи муҳити зист» Сафаров Диловар, Ёрхонов Муҳиддин, Самадова Нигина ва Самадов Искандар мебошанд.
Гуфта мешавад, ки ғолибони озмун бо диплому маблағҳои пулӣ, аз ҷумла ҷойҳои якум 18 ҳазор сомонӣ, мақоми дуюм 12 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст