Дар баданаш пинҳон карда буд. Мусодираи зиёда аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе
Вазорати саноат барои бошандагони мактаб-интернати Ҳисор зиёфат дод
Ҳабиб Нурмагомедов 200 миллион долларро рад кард
Талаби 55 сол ҳабс: Ҷузъиёти парвандаи Мансур Манучеҳрӣ аз сӯи Вазорати адлияи Амрико нашр шуд
Тоҷикистон ташаббуси лоиҳаҳои муштарак барои ҳифзи кӯҳҳо ва чарогоҳҳоро пешниҳод кард
Тоҷикистон бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон мехоҳад барои барқарор намудани чарогоҳҳои харобшуда ва ҳифзи экосистемаҳои кӯҳӣ барномаҳои муштарак таҳия кунад. Дар ин барнома таваҷҷуҳи асосӣ ба водии Фарғона ва минтақаҳои кӯҳии атрофи он равона хоҳад шуд.
Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ин ташаббусро дар мулоқот бо Ясмин Фуод, котиби иҷроияи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо биёбоншавӣ матраҳ кард.
Дидори Баҳодур Шерализода бо Ясмин Фуодӣ дар ҳошияи конфронси байналмилалии “COP 31” баргузор шуд.
Дар ин дидор ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кард, ки Барномаи миллии амал оид ба мубориза бо биёбоншавӣ, ки соли 2001 қабул шудааст, бозбинӣ карда шавад. Ҳадафи бозбинии барнома мутобиқ кардани он бо талаботи Кодекси экологӣ, тағйирёбии иқлим ва уҳдадориҳои кишвар дар самти ҳифзи гуногунии биологӣ аст.
Баҳодур Шерализода аз котиботи конвенсия даъват намуд, ки соли 2027 ҳайати коршиносони худро ба Тоҷикистон фиристад. Интизор меравад, ки мутахассисон дар маҳал самтҳои ҳамкории минбаъдаро мушаххас намуда, барои таҳияи нақшаҳои амалии татбиқи лоиҳаҳои миллӣ ва минтақавӣ мусоидат кунанд.
Дар мулоқот ҳамчунин, масъалаи ҷалби сармоягузории байналмилалӣ барои барқарор намудани заминҳои осебдида, идора намудани устувори чарогоҳҳо ва омодагӣ ба хушксолӣ баррасӣ шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 узви Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо биёбоншавӣ аст. Дар доираи ин санад кишвар чор ҳадафи миллиро барои истифодаи оқилонаи замин ва барқарор намудани ҳудудҳои харобгардида муайян кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ташаббуси лоиҳаҳои муштарак барои ҳифзи кӯҳҳо ва чарогоҳҳоро пешниҳод кард
Як сокини маҳаллӣ дар Ӯзбекистон ба гумони додани таълимоти динӣ ба 7 кӯдаки тоҷик боздошт шудааст
Вазири қазоқ: Фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва густариши ақидаҳои ифротӣ амнияти Осиёи Марказиро таҳдид мекунанд
СММ: террористон дар Афғонистон ба силоҳҳои тактикӣ дастрасӣ пайдо кардаанд