Мақомот дар чор рӯз 159 ҳолати ғайриқонунӣ машғул шудан ба мусофиркашониро ошкор кард
Вазорати мудофиа: “Нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро шуд”
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мусобиқаи «King’s Cup 2026». Мунтахабҳои Тоҷикистону Уммон рақобат мекунанд
Тоҷикистону Қазоқистон ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи муҳити зистро муҳокима карданд
Дар ҳошияи Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон Алибек Куантиров мулоқот намуд.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва татбиқи ташаббусҳои минтақавию байналмилалии экологиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Афзуда мешавад, ки ба масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои кишварҳо дар самти ҳифзи гуногунии биологӣ, ҳифзи экосистемаҳо, идоракунии захираҳои обӣ, мубориза бо биёбоншавӣ ва дигар мушкилоти мубрами экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
“Ҷонибҳо зарурати густариши ҳамкориҳои судманд, табодули таҷриба ва иттилооти соҳавӣ, инчунин таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳим арзёбӣ намуданд”, - навиштааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин баъди дидор бо Трамп ва Ҷинпин рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр ба Душанбе меояд
Эрон: Исроил барои оғози ҷанг хабарҳои бардурӯғ паҳн мекунад
Сироҷиддин Муҳриддин ва Муҳаммад Исҳоқ Дор масъалаҳои тиҷорат ва энергетикаро баррасӣ карданд
Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» доир мегардад