Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст
Путин: “Русия барномаи ҳамла ба Аврупоро надорад”
Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Давлатзода Зафарбек: Ҳолати 15 000 га заминҳо бояд беҳтар карда шавад.
“Барномаи давлатии беҳтар намудани вазъи вилоятии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 амал мекунад, ки Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи он нақшаҳои пешбинишуда корбарӣ карда истодааст. Дар асоси ин Барнома дар муддати панҷ сол ҳолатҳои 85 000 га заминҳо ва тибқи нақшаи пешбинишуда барои соли 2025 ҳолати зиёда аз 15 000 га заминҳо беҳтар карда шавад”.
Давлатзода Зафарбек, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти хабариаш, ба ин савол, ки ба хабарнигори Dialog.tj рабт дошт, посух гуфт.
Нобурда афзуд, то имрӯз корҳои беҳтарнамоии заминҳо дар ҳаҷми 4400 га, ки баробар ба 30 фоизи нақша аст, ба анҷом расонида шуд. “Бояд гуфт, ки бештари корҳое, анҷомдодаи мо то ин давра, дар самти ҳуҷҷатгузорӣ буд. Дар нақша ҳаст, ки то охири сол ин масъала ба пуррагӣ ҷамъбаст шуда, марҳилаи минбаъда пурра барои беҳтарсозии заминҳо равона шавад”, гуфт директори Агентӣ Назарзода Зафарбек.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”