Самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва UNCCD муҳокима шуданд
Корти сурх сабаб шуд. Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Тайланд шикаст хӯрд
Се рӯз дар Душанбе истифодаи дрон манъ шуд
Дар Тоҷикистон партови гази карбон 14,2 фоиз афзоиш ёфтааст
Самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва UNCCD муҳокима шуданд
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо котиби иҷроияи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (UNCCD) Ясмин Фуад мулоқот намуд.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонибҳо дурнамои ҳамкории минбаъда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (UNCCD) муҳокима намуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар мубориза бо таназзули замин, барқарорсозии экосистемаҳои осебдида, идоракунии устувори захираҳои табиӣ ва тақвияти ҳамкории минтақавиро дар Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд.
Ба навиштаи манбаъ, дар мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба навсозии Барномаи миллии амал оид ба мубориза бо биёбоншавӣ, ки соли 2001 қабул шудааст, равона карда шуд. Пешниҳод карда шуд, ки ин ҳуҷҷат бо Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзалиятҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ӯҳдадориҳои байналмилалии кишвар оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ мувофиқ карда шавад.
Ҳамчунин, ҷонибҳо имконияти ҷалби маблағгузории байналмилалиро барои лоиҳаҳо оид ба идоракунии устувори чарогоҳҳо, барқарорсозии экосистемаҳои кӯҳӣ, тақвияти устуворӣ ба хушксолӣ ва барқарорсозии заминҳои вайроншуда омӯхтанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ёсин Зиё ба Ҳайбатуллоҳ: “Мо барои курсӣ намеҷангем, барои озодӣ меҷангем”
Трамп ба Эрон ҳушдор дод: “Ҳамла ба Вашингтон бо паёмадҳои бесобиқа рӯбарӯ хоҳад шуд”
Талаби 55 сол ҳабс: Ҷузъиёти парвандаи Мансур Манучеҳрӣ аз сӯи Вазорати адлияи Амрико нашр шуд
Муовини вазири дифои Русия аз Пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон боздид кард