Литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
Боздошти шаш ноболиғ: аз хонаи шаҳрвандон пулу ҷавоҳирот ва телефони мобилӣ дуздидаанд
“Суперчемпион”-ҳо аз Тоҷикистон. Дастоварди назарраси хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи ҷаҳонӣ
Агентии обуҳавошиносӣ: “Борону барф пешгӯӣ мешавад”
Саршумори бузи кӯҳии морхӯр дар Тоҷикистон дар 30 сол 10 баробар зиёд шудааст
Саршумори бузи нодири кӯҳии морхӯр ё пармашох дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се даҳсолаи ахир дар натиҷаи амалӣ намудани барномаҳои ҳифзи муҳити зист ва ҷалби сокинони маҳаллӣ 10 баробар зиёд шудааст. Имрӯз саршумори он дар Тоҷикистон аз 7 ҳазор сар гузаштааст. Ин дар ҳолест, ки дар солҳои 1990 саршумори он 500 сар шумурда мешуд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба гузориши маҷаллаи байналмилалии “Conservation Frontlines” оид ба зиёд намудани бузи кӯҳии морхӯр эълон намудааст, ки саршумори ин навъи нодири ҳайвони ваҳшӣ дар Тоҷикистон 10 баробар зиёд шудааст. Ин кумита гуфтааст, ки зиёд кардани саршумори бузи кӯҳии пармашох яке аз намунаҳои муваффақи ҳифзи гуногунии биологӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 24-уми майро бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи байналмилалии бузи кӯҳии морхӯр эълон кардааст. Қатъномаи вобаста ба ин ташаббус таҳти рақами A/RES/78/278 бо ҳадафи ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳифзи намудҳои нодири ҳайвонот ва экосистемаҳои кӯҳӣ қабул шудааст.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон афзоиши саршумори ин ҳайвонро натиҷаи татбиқи ду барномаи асосӣ дар соҳаи ҳифзи табиат бо дастгирии ниҳодҳои давлатӣ ва шарикони байналмилалӣ медонад.
Барномаи аввал таъсиси минтақаҳои шикории таҳти идораи ҷамоатҳои маҳаллӣ мебошад. Ин иқдом ба сокинони минтақаҳои кӯҳистон имкон додааст, ки бевосита дар ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшӣ иштирок кунанд.
Дар доираи ин барнома, афроде, ки қаблан ба шикори ғайриқонунӣ машғул буданд, низ ба корҳои ҳифзи табиат ҷалб шудаанд. Донишу таҷрибаи онҳо дар бораи рафтори бузи пармашох ва шароити минтақаҳои кӯҳӣ барои ҳифзи ин ҳайвон истифода мешавад.
Сокинони маҳаллӣ ҳамчунин, масъулияти назорат, гузаронидани посбонӣ ва ҳисобгирии саршумори ин ҳайвонотро дар минтақаҳои баландкӯҳ ва душворгузар ба зимма доранд.
Тадбири дуюм бароҳандозии шикори таҳти назорат ва бо риояи меъёрҳои қатъӣ марбут аст. Даромади аз ин фаъолият бадастомада барои маблағгузории чорабиниҳои ҳифзи табиат истифода мешавад.
Ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, квотаи шикори бузи кӯҳии морхӯр камтар аз як дарсади саршумори умумии онро ташкил медиҳад. Интихоби ҳайвонот низ бо назардошти синну сол, маълумоти илмӣ ва талаботи идоракунии саршумор сурат мегирад.
Маблағҳои аз ин ҳисоб бадастомада барои хароҷоти гурӯҳҳои посбонӣ, назорати саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ ва ҳамчунин, ҳалли баъзе мушкилоти иҷтимоии ҷамоатҳои маҳаллӣ сарф мешаванд. Таъмини об, дастгирии мактабҳо ва муассисаҳои тиббӣ аз ҷумлаи самтҳои истифодаи ин маблағҳо мебошанд.
Мамнуъгоҳи давлатии табиии Даштиҷум, воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон яке аз маконҳои асосии зисти бузи кӯҳии морхӯр дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ба гуфтаи Хуршед Шамсиддинзода, раиси раёсати минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, имрӯз дар ҳудуди ин мамнуъгоҳ беш аз ҳазор сар бузи кӯҳии морхӯр зиндагӣ мекунад.
Ин масъули тоҷик барқарор шудани саршумори ин намудро натиҷаи сиёсати ҳамаҷониба, аз ҷумла идоракунии илмӣ, иштироки сокинони маҳаллӣ, дастгирии давлат ва ҳамкориҳои байналмилалӣ арзёбӣ кардааст.
Вай ҳамчунин, хабар додааст, ки Тоҷикистон 31-уми майи соли 2025 узви комилҳуқуқи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) шудааст. Аз он замон кишвар бо гурӯҳи мутахассисони ин созмон дар умури ҳифзи ҳайвоноти сумдор ва кӯҳӣ (Caprinae Specialist Group) ҳамкории фаъол дорад.
Ин ҳамкорӣ барои истифода аз таҷрибаи амалии мутахассисони тоҷик ва имкониятҳои илмии коршиносони байналмилалӣ замина фароҳам овардааст.
Маҷаллаи байналмилалии “Conservation Frontlines” ба мавзуъҳои ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшӣ, истифодаи устувори захираҳои табиӣ ва муносибати инсон бо муҳити зист бахшида шудааст.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон нашри гузориш дар бораи барқарор шудани саршумори бузи кӯҳии морхӯр дар ин маҷалларо нишонаи таваҷҷуҳи байналмилалӣ ва эътирофи дастовардҳои экологии кишвар арзёбӣ кардааст.
Тоҷикистон эълон кардааст, ки барномаҳои ҳифзи бузи кӯҳии морхӯр, ки ба “Китоби сурх”-и кишвар шомил аст, идома дода, барои ҳифзи макони зисти табиии он дар экосистемаҳои кӯҳии Помир ва Ҳисору Олой чораҳои зарурӣ меандешад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Котиби Шурои амнияти Эрон: “Посухи Амрико фиребкорона аст. Бо Вашингтон музокира надорем
Путин: “Мавзуи иқтисод ва амният дар меҳвари нишасти СААД қарор мегирад”
Дар Москва ҷанбаҳои муҳимми амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид
Вазири молияи Амрико аз тарси таҳдиди Эрон ба пойгоҳи низомӣ паноҳ гирифт