Дар фурудгоҳи Душанбе терминали нави байналмилалӣ сохта мешавад
Як зина боло. Мавқеи тими миллии Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА беҳтар гардид
Яман аз сарнагун кардани паҳподи туркии Арабистони Саудӣ хабар дод
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз ҳамлаи мушакӣ бар Толибон дар Кописо хабар дод
Дар Хоруғ оид ба тағйирёбии иқлим ва экосистемаҳои кӯҳӣ ҳамоиши байналмилалӣ доир шуд
Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамоиши байналмилалии илмӣ зери унвони “Гоногунии биологии экосистемаҳои кӯҳӣ дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим” баргузор гардид.
Мудири лабараторияи генетика ва селексияи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Акадамияи миллии имлҳои Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар ин ҳамоиш беш аз 100 донишманд, аз ҷумла биологҳо, генетикҳо, физиологҳо, селексионерон ва экологҳо аз муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон, Русия, Ӯзбекистон ва як қатор кишварҳои дигар ширкат намуданд.
Дар доираи барномаи ҳамоиш бахшҳои илмӣ оид ба флора ва фаунаи минтақаҳои кӯҳӣ, асосҳои физиологию биохимиявии баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва устувории растаниҳо ба тағйирёбии иқлим, селексия, интродуксия ва мутобиқсозии захираҳои генетикӣ, инчунин, роҳҳои биотехнологии афзоиши ҳосил баррасӣ шуданд.
Беш аз 40 донишманд бо маърӯзаҳои илмӣ суханронӣ намуда, масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои экологӣ-генетикии кӯҳистон, такмил ва истифодаи онҳо барои таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳамчунин, роҳҳои илмӣ-амалии ҳифзи гуногунии биологиро дар оянда муҳокима намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд