Дар фурудгоҳи Душанбе терминали нави байналмилалӣ сохта мешавад
Як зина боло. Мавқеи тими миллии Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА беҳтар гардид
Яман аз сарнагун кардани паҳподи туркии Арабистони Саудӣ хабар дод
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз ҳамлаи мушакӣ бар Толибон дар Кописо хабар дод
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ВМКБ 16 фоиз зиёд шуд
Бинобар иттилои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода, нақшаи қисми даромади буҷети вилоят дар нимсолаи якум бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,2 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 153,7 млн нақшаи пешбинишуда ба буҷет маблағи 154,0 млн сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 321, ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Тавре ки дар нишасти матбуотии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дода шуд, дар нимсолаи якуми соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 118,6 млн сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 16,2 млн сомонӣ ё 16 фоиз зиёд мебошад.
“Дар нимсолаи аввали соли 2026 дар ҳудуди вилоят 25 адад корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси 105 ҷойҳои нави корӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд ва ин шумора то таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлати зиёд мегардад”, - омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳолати 1-уми июли соли равон 299,2 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 289,8 млн сомонӣ зиёд иҷро гардида, афзоиш 103,3 фоизро ташкил медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд