Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
ВМКБ: Ба ҳафтод омӯзгору табиб қитъаи замин дода шуд
Бинобар иттилои маркази матбуоти раиси ВМКБ, дар арафаи 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба 70 нафар омӯзгору табиб қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ тақдим гардид.
“Раиси вилоят омӯзгорон ва табибонро бо ҷашни бузурги миллӣ 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва соҳиб гардидан бо қитъаи замин барои сохтмони хона табрик гуфта, таъкид дошт, ки ҳамаи ин ғамхории навбатии Ҳукумати кишвар минҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Солҳои охир бо дастгирии Роҳбари давлат кормандони соҳаҳои маориф ва тиб бо хонаҳои хизматӣ таъмин гардида, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ дар навбати худ барои беҳтару хубтар намудани шароит барои кормандони соҳаҳои зикргардида, чораҳои зарурӣ андешида истодааст”, - омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, ки дар маҳалле, ки ба омӯзгорону табибон қитъаи замин ҷудо гардидааст, сохтмони иншооти гуногуни хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар рӯзҳои ҷашнӣ Истиқлоли давлатӣ ба омӯзгорону табибон тақдим намудани қитъаи замин рамзӣ аст, зеро аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ омӯзгор ва табиб зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, пайваста баҳри баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва табиб дар кишвар чораҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд