Дар фурудгоҳи Душанбе терминали нави байналмилалӣ сохта мешавад
Як зина боло. Мавқеи тими миллии Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА беҳтар гардид
Яман аз сарнагун кардани паҳподи туркии Арабистони Саудӣ хабар дод
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз ҳамлаи мушакӣ бар Толибон дар Кописо хабар дод
Беш аз 100 кас ҷасади раиси ВМКБ ва ҳамроҳонашро ҷустуҷӯ доранд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри чанд аксу навор хабар дод, ки ҷустуҷӯи ҷасади раиси ВМКБ ва ҳамроҳонаш дар рӯи об ва зери об идома дорад.
Манбаъ меафзояд, ки бо мақсади дарёфти ҷасадҳо беш аз 100 нафар наҷотдиҳандаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Раёсати Кумита дар ВМКБ, минтақаи Кӯлоб, Раёсати таиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ наҷотдиҳии Кумита, дар якҷоягӣ бо мақомоту сохторҳои дахлдор ҷустуҷӯ карда истодаанд.
Гуфта мешавад, ки ҷустуҷӯи ҷасадҳо аз мавзеи ҳодиса оғоз гардида, дар минтақаҳои гуногуни ноҳияҳои Дарвоз, Шамсиддин Шоҳин, минтақаи Кӯлоб ва дигар мавзеҳо ҷараён дорад.
Ёдовар мешавем, ки 17-уми июн тахминан соати 10:40 автомашинаи хизматии раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ки дар дохилаш ёрдамчии охирин Ҷанобилшоев Садоншо Рамазоншоевич, ҳамсар ва фарзанди хурдсоли раиси вилоят қарор доштанд, дар киллометри 282-юми шоҳроҳи «Душанбе-Хоруғ», дар байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз ба садама дучор гардид. Бинобар суръати баланд воситаи нақлиёт ба иншоотҳои муҳандисӣ-сарҳадӣ бархӯрда, ду сутунпоя ва симхорро зер карда, ба дарёи Панҷ сарозер шуда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд