Дар фурудгоҳи Душанбе терминали нави байналмилалӣ сохта мешавад
Як зина боло. Мавқеи тими миллии Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА беҳтар гардид
Яман аз сарнагун кардани паҳподи туркии Арабистони Саудӣ хабар дод
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз ҳамлаи мушакӣ бар Толибон дар Кописо хабар дод
Рӯшон: Сохтмони хонаҳои истиқоматӣ барои 10 оилаи аз офати табиӣ зарардида идома дорад
14-уми август раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода дар ноҳияи Рӯшон бо рафти корҳои сохтмонии хонаҳои истиқоматӣ барои 10 хонавода, ки бар асари сарзадани сел дар деҳаи Баррушон хароб гардида буданд, шинос шуд.
Манбаъ навиштааст, ки раиси ВМКБ ба масъулин ҷиҳати таъмини сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи муосири сохтмонӣ бунёд намудани манзилҳо супориш дода, таъкид кард, ки корҳои сохтмонӣ бояд дар муҳлати муайянгардида ва дар асоси талаботи пурраи меъёрҳои сохтмонӣ анҷом ёбанд.
Афзуда мешавад, ки аз рӯзҳои аввали сар задани офати табиӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани кумакҳои ҳамаҷониба ба оилаҳои зарардида ва бартараф намудани оқибатҳои офат тадбирҳои зарурӣ андешидааст.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи якбора баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳо, 20-уми июл дар деҳаҳои Баррушон ва Деҳрушони ноҳияи Рӯшон сел омада, ба чанд хонаи истиқоматии деҳаҳои Баррушон ва Деҳрушон зарар расонида буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд